Зеҳн
Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Пои пиёда сайёра меҷӯем. Дар ҳар ҷо автобусҳои холӣ вомехӯранд, вале онҳоро вакилони гурӯҳҳои дигар банд кардаанд. Саид Абдулкарим ҳамроҳи мо меравад ва ҳар замон таскин медиҳад, ки иншооллоҳ ҳозир автобус ёфт мешавад.
Дар канори роҳ боғчае намудор шуд, ки се-чор дарахти хурмо дошт ва заминашро пал кашида, пиёзу шивит ва як чизи кохумонанде кошта буданд. Мӯйсафедони мо гуфтанд, ки дигар пиёда гашта наметавонанд, бигузор Саид Абдулкарим пеш рафта, сайёрае пайдо намоянд.
Саид гардани хор-хорон бирафт. Мо аз офтоби майнасӯз ба сояи кулбаи анори боғча паноҳ бурдем. Мусофирони дигар набототи бо оби чоҳ сабзонидаи соҳиби боғро помол карда, аз сояи дарахтон ҷой гирифтанӣ мешуданд. Боғбон аз паси онҳо бо калтаки дарозе давида, ба кӯча пеш мекард. Аз даҳони ӯ лаҳзае дашному ҳақорат канда намешуд.
– Ҳоҷӣ, – гуфт Исрофил. – Хушбахтиатро фаҳмида истодаӣ?
– Аз кадом ҷиҳат?
– Аз он ҷиҳат, ки забони арабиро намедонӣ. Намедонӣ, ки соҳиби боғ ҳоло, ба зану бачаи ин мусофирон чӣ сифатҳоеро раво мебинад.
– Ҳа, гап ин бошад, дар воқеъ хушбахт будаам.
Саид Абдулкарим автобус наёфта омад. Боз пиёда ба роҳ даромадем. Пешопеши мо гурӯҳи калонтари ҳоҷиёни дигар кишвар мерафт. Баъди муддате як автобуси холӣ пайдо гардид. Ҳама баробар худро ба дари автобус андохтанд. Ҳоҷиёни кишвари ҳамсоя бисёртар буданд, ба замми ин аҳлона амал мекарданд ва ба автобус аз ҳамсафарони мо пештар савор шуданд. Ману Исрофил қасдан аз ҳама қафо савор шудем. Лекин дар даруни сайёра талош барои нишастгоҳҳои бароҳаттар ҳанӯз давом дошт. Сумкаи термосдори худро дар роҳрави танги салон ба сари китф бардошта, ба думи мошин равон будам, ки нохост таёқе омада ба сари термосам бархӯрд ва шишаи нозуки он чинга-чинга шуда, ба даруни пӯстлохи маҷақшудааш рехт.

пешина
аз 247
навбатӣ