Зеҳн
Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Аз омаданамон ин ҷониб дар ҳар тавоф ба ҳаҷаруласвад ва худи хонаи чаҳоркунҷаи каъба бо диққат менигаристам, вале чизе намедидам, ки аз муаллақ истодани ягон узви он шаҳодат диҳад.
Каъба бинои чаҳоркунҷаи сангин буда, ҳар яке аз тарафҳои баробараш тақрибан шаш метр ва баландиаш ҳафт метр меомад. Бар болои ин бинои мукаабшакл аз матои сиёҳи абрешимин чодаре партофта буданд, ки аз лаби бом қариб то ба таҳкурсӣ мерасид ва ба ҷуз дари каъба, ки сарбоз дар остонаи он истода, хоҳишмандони оғӯш кардани санги муқаддасро бо дарра мекӯфтанд, дигар ҳама ҷои онро мепӯшиданд. Ин чодарро кисва меномидаанд ва ҳар сол дар арафаи иди Қурбон нав мекардаанд. Кисваи куҳнаи рангпаридаро ба савобталабон тақсим карда медодаанд, ки ҳар порчаи тӯморбобаш ба нархи як-ду гӯсфанд паррон мерафтааст.
Якуним метр поёнтар аз лаби бом тахмин ба паҳноии як газ гирдогирди ҷомаи сиёҳи каъбаро ба шакли лента аз оятҳое пур карда буданд, ки бо зарҳал ва хатти шикастаи арабӣ зич навишта шуда буд. Ҳоло дар ҳавои гарми пешинӣ, дар зери шуои офтоби дурахшон ана ҳамин лентаи зарҳалкории якгазӣ бо нури офтоб ба ҳам омехта буд, ва аз ин масофа агар чашмонатонро нимпӯш карда нигаред, ба назар чунон мерасид, ки гӯё ҳамин ҷои чодари сиёҳ фазои холист ва боми каъба гӯё муаллақ истодааст…
Агар чашматонро нимкоф карда нигаред…
Хӯш, агар бо чашми боз нигаред? Ё бо сабзайнак нигоҳ кунед? Ё аз наздиктар рафта бубинед? Ё пеш аз тулӯи офтоб, ё баъд аз ғуруби он нигаред? Ҳайҳот! Дар ин сурат аз муоинаи «муъҷизаи муборак» маҳрум мемонед.
Дар хона ҳамсафарон машғули суҳбат менишастанд. Акнун ҳама дар як хонача истиқомат мекардем. Мӯйсафедон аз хонаи алоҳидаи бадбӯи ошёнаи якум ҳанӯз пагоҳии арафа даст кашида, чизу чораи худро ба боло кашонда буданд.

пешина
аз 247
навбатӣ