Зеҳн
Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Қориҳои куҳансол аз ҳазрати Наримон илтимос мекарданд, ки рубоии дар хаймаи Арафот хондаашонро бори дигар такрор кунанд. Ҳазрат нозкунон нархи худро боло мебардоштанд. Чун таклифи куҳансолонро Қориака тарафдорӣ намуданд, ҳазрат мулом шуда, сатрҳои зеринро хонданд:

Ҷаҳон ҷому фалак соқӣ, аҷал май,
Халоиқ боданӯши маҷлиси вай.
Халосӣ нест дар дунё касеро
Аз ин ҷому аз ин соқӣ, аз ин май.

Ба хоҷаи асил офаринҳо гуфтанд. Муддате бо таъсири шеър хомӯш монда, ба андеша рафтанд.
Дар ин асно Махсуми миҷ-миҷдаҳон даромада омад, ва дар кафшкани хона истода, баланд оруғ дод. Дар дасти ӯ нимта тарбуз буд. Аз афти кор, нимтаи дигарашро тоқат накарда, дар ҷои харидааш хӯрдааст. Махсум тарбузро дар болои ҷевон гузошта, рӯяшро бо миёнбанди худ пӯшонда, баъд ба пойгаҳи хона гузашта, ба ҷобаҷокунии чизҳои харидааш машғул шуд.
Инро дида, дигарон низ илҳом гирифтанд ва ба ҷобаҷокунии ашёҳои худ даромаданд. Ин кор ҳар рӯз аз тарафи ҳар як ҳоҷӣ камаш се-чор бор такрор мешуд, зеро ба қадри тӯл кашидани сафари муборак миқдори савғотии онҳо меафзуд. Аксари ҳамсафарон, ки бо дутоӣ ҷомадон омада буданд, аз Маккаи мукаррама низ як-дутоӣ ҷомадонҳои нав харидаанд.
Кори банда имрӯз барор кард: барои худ ҷойгаҳи алоҳида сохтам, ки имконият медиҳад аз оқибати талоши ҳаршабаи ҳамсафарон дар болои ҷои хоб эмин бошам. Пештоқи васеи тирезаро ки ба тангкӯча яла мешавад, ҳоҷиён бо ҷомадону халтаву сумкаҳои худ банд карда буданд. Ман зарфҳои рӯи мизи дар кафшкани хона истодаро бар болои ҷевон чидам, ҷомадонҳои дар пештоқи тиреза бударо ба рӯи миз кӯчонидам.

пешина
аз 247
навбатӣ