Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа
Ҳалвогар вақти рафтанаш Қориака, Темурҷон қорӣ ва маро ба хонааш таклиф кард.
– Иншооллоҳ пагоҳ меравем, – гуфтанд Қориака. – Қӯлдошхоҷа таклиф мекардаанду чаро наравем? Чӣ гуфтед, Мулло Қурбон?
– Албатта, албатта.
… Дар пештоқи тиреза нишаста, ба мардуми тангкӯча назора мекунам. Нисфи шаб шуда бошад ҳам, дуконҳои баққолӣ ҳанӯз яла. Ду нафар аз ҳамсафарони мо дар сари кӯча рост истода, бо шавқ бинӣ мекованд ва роҳгузаронро тамошо мекунанд. Аз рӯзе ки аз Хартум баромадем, ба биниковии онҳо дигар касе кор надорад. Дар ин ҷо ҳама бинӣ мекованд, дар кӯчаву бозор пижама пӯшида мегардад, ҳатто пижама дар тан ба идораи ҳаҷ, идораи полис даробаро мекунанд. Дар сари роҳи калон дар пеши назари мардуми бисёре диккак нишаста таҳорат кардан ҷоиз аст. Мулло Ӯроқака дар Муздалифа паногоҳи дурусте наёфта, ба таки кузови автомобили Ироқ даромада таҳорат карда буд. Дар атроф зану кӯдакон ҳам кам набуданд.
Дар пеши тиреза дар зеҳи девор се кабӯтар мехобад. Ман онҳоро шаби пеш аз Арафот ҳам дида будам.
Ғалмағали бемаҳалли мардум ба кабӯтарон халал мерасонад ва онҳо ғур-ғуркунон ба ҳамдигар ким-чиҳо мегӯянд, гоҳе бол афшонда, ҳамдигарро тела дода, ҷой иваз мекунанд.
Зиндагоние ки чанд рӯз инҷониб мебинам, ба назарам афсона барин менамояд ва ҳар гуна афсонаҳоро ба хотирам мерасонад. Гоҳо ба қаҳрамони афсона рашк мебарам. Агар ман ҳам қаҳрамони ягон матал мешудам, яке аз ин кабӯтарон бо забони одамӣ ба ман муроҷиат арда, хизмати худро таклиф менамуд. Мактубе навишта ба вай медодам, ки ба ватанам бибарад. Аз оила ва дӯстонам пайғоме биоварад…
Дар ошёнаи дувум пирамарде сахт сулфа мекунад. Вай сартарош аст ва аз саҳар то шом ба ҷуз он дақиқаҳое ки чилим мекашад ё намоз мехонад, бо адои касби худ машғул аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё