Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа
Ҷойгаҳи навам имкон медиҳад, ки рӯзе ақаллан чанд дақиқагӣ аз давраи меҳмонон баромада, поҳои худро аз шиканҷаи расму оин дам диҳам.
Қориака мегӯянд, ки авлоди саид Зайниддини Кӯшак бо нисфи муҳоҷирон дар болои биноҳои вақф қозибозӣ карда, ногап шудааст. Хӯш, мегӯям ба худам, агар Кӯшак бо ҳамдиёрону хешу табори худ аҳлона мезист, шумораи зиёратгарони мо ба чанд кас мерасид ва аз ҳамон се-чаҳор соате ки ҳоло барои истироҳатамон боқӣ мемонад, боз чӣ қадараш сарфи мусоҳибаҳои мароқангез мегардид. Аз ин хулосае мебарояд, ки низоу нифоқ ҳам гоҳо судманд мешудааст.
Ошнои ҳалвогарам Қӯлдошхоҷа омада, дарҳол ба қиссагӯӣ даромад: «баъди қулоқ шудан» гурехта дар Каркӣ чанд сол бо ҳалвопазӣ рӯз гузарониданаш, пас соли 1934 чӣ гуна аз СССР фирор карданаш, чӣ тавр бо либоси жанда, дар сурати ҳезум-
1 каши қашшоқ ба шаҳри мазори Шариф расиданашро нақл кард.
– Як андак тилло буд, мулло, – ҳикоят мекард ӯ. – То даме ки дар хоки мамлакат будам, онро қисм-қисм ба нифаи шалвор, ба миёнаи куртаи так боб карда дӯхта будам. Ҳамту не?
Ана сонӣ, ки аз сарҳад гузаштан лозим шуд, ба дилам гуфтам:
«Эҳтиёт шав, Қӯлдошхоҷа, мийяро нағзакак кор фармо, ки агар аз баданат тилло ёбанд, корат чатоқ». Ҳамту не? Одами дилпур мешудагии аз сарҳад мегузаронидагӣ ҳам ёфт шуд.
Ана сонӣ аз кунҷи корвонсарой як полони ҷиғда-ҷиғдаро ёфта, кафонда, тиллоро ба мағзаш ҷой кардам… Хайр, ин ҳама қиссаҳои куҳна. Ҳамту не? Ҳай-ҳай, чӣ хуш, ки шумо омадед, мулло. Камина бисёр хурсанд, бисёр сарфароз. Шуморо дида, бародарамро дидагӣ барин шудам. Ҳамту не?
Шаҳре дар шимоли Афғонистон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё