Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа
рёҳои ҳафт иқлим бол бароварда, ба майдони ҷанг парида омадаанд. Моҳиёни шуҷоъ бо қаноту думу фукҳояшон ба чашми кофирони ғаддор ва уштурони лаънатии онҳо зада, дар як зум ҳамаро кӯр кардаанд. Лашкари ислом ҳамаи кофиронро аз дами теғи адолат гузаронидааст. Инак, гӯшмоҳие ки қорӣ Зулфиқор аз мағзи рег кофта баровард, нишонаи мубораке будааст аз корнамоии селаҳои моҳиёни паррончак, ки аз ҳамон вақт ба дуои расули худо мушарраф шуда будаанд.
– Ҳоҷӣ! Ҳой Ҳоҷӣ!
Ин овози Искандар аст, ки маро аз биёбони хаёлот берун меафканад.
– Ҳа, азизам, чӣ мегӯӣ?
– Ду-се рӯз шуд, ки ба суҳбати шарифат даъват накардаӣ.
Ман чӣ гуфтам, ки дили нозукат озор гирифт?
Хотират аз мани бечора ба як бор гирифт?
– Ӯҳу, шеър мехонӣ, димоғат чоқ менамояд-ку?
– Алҳамдулиллоҳ. Умедворам ту ҳам хуш ва аз сарнавишт розӣ ҳастӣ?
– Чунон розиам, ки забон аз тасвири андозаи ризоиятам оҷиз аст. Дар сари ҳар намоз туро дуо мекунам, ки некии ба ман кардаат аз худованд ё ҳеҷ набошад, аз ягон фаришта баргардад.
– Хайр, бас! Дуоҳои туро медонам. Нақл кун, се рӯзи охир дар куҷо будӣ, чӣ корҳо кардӣ?
– Дар Маккаи мукаррама будам. Коре накардаам. Ҳамаи ҳамсафарон дар амонӣ ва офияте буданд. Гоҳ-гоҳе беморони дигар наздам меомаданд, дида даво мекардам. Ҷомадони дорувор ним шуд, сабук шуд.
– Боракалло! Боз чӣ корҳо кардӣ? Наход дар ин се рӯз дар Макка….
– Маккаи мукаррама!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё