Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа
Маҳмуд Султон дуое хонд, ҳама омин гуфтанд. Ҳоҷиҳои қабл аз мо омада, ба муқобили дари дигар гузаштанд ва мо ҷои онҳоро гирифтем. Дар рӯ ба рӯи ҳар як дар «Ассалому вас-салот», дуохонӣ, фотиҳа ва омингӯӣ такрор мешуд.
Мутаввоф аз наздикии суфаи табарруке ки дар вақташ расули худо бо саҳобагони худ нишаста, намоз мехонданд ва тақдири қабилаҳои мусулмоншудаву ношударо аз ҳамин ҷо бо як имои бурут ҳал мекарданд, ҷой холӣ карда дод. Сипас худ аз паи кораш рафт, то ки гурӯҳи дигари ҳоҷиёнро дохили савоб бинамояд. Дар интизории намози шом қориҳо зери лаб пичирросзанон ба муроқиба рафтанд. Камина ороиши бои мсҷидро тамошо мекардам.
Дар китобе дар зимни сухан гуфта мешуд, ки дини насронӣ дар таърихи дуҳазорсолааш ба инсоният нафъ ҳам овардааст, яъне Рафаэл, Ҷорҷоне, Микеланҷело, Андрей Рублёв ва дигар устодони бузурги айёми таҷаддудро ба эҷод кардани асарҳои ҷовидонии санъат дар мавзӯъҳои динӣ илҳом бахшидааст. Ман масҷиди бузурги ҳазрати Аббосро дар Тоиф, масҷиди қаъба ва ана ин масҷиди пайғамбарро дида, ба хулосае омадам, ки ҳамон фоидаи гӯё ба санъат овардаи дин ҳам баргашта ба худаш хизмат кардааст. Касе ки ба ривояти эҳёи ҳазрати Исо, ба ҳикояти дар шаш рӯз коинотро сохтани парвардигор ақаллан андаке бовар мекунад, баъди тамошои он шоҳасарҳои санъати тасвирӣ ё муддате ибодат кардан дар калисоҳои ҳашаматнок – монанди калисоҳои муҳташами Париж, Маскав, Рим, Киев ё Лондон – дар эътиқоди динии худ боз устувортар мегардад.
Касе ки ба ривояти дар як шамшер задан сари 200 касро аз тан ҷудо кардани ҳазрати Алӣ – шери худо бовар мекунад, маҳобати масҷидҳои бузург ба ӯ айнан ҳамин гуна таъсир мебахшад.
Ҳофизони тоҷику ӯзбек пештар савти Муноҷотро бо шеърҳои ба худову расулу «дунёи охират» бахшидашуда месароиданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё