Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа
Дар паҳлуи қабри Муҳаммад намози шомро хонда, ба хонаи Маҳмуд Султон баргаштем.
Ҳоҷӣ Иброҳими хуҷандӣ ва ҳоҷӣ Исмоили қазонӣ ба дидани мо омаданд. Ҳоҷӣ Исмоил марди навчаи қоқбадан ва бузриш буд. Вай мисли арабҳо либос пӯшида, ранги пӯсташ ҳам аз боду афтоби гарми Арабистон монанди арабҳо сиёҳгун шуда буд. Ҳоҷӣ Исмоил дар идораи чоҳҳои оби Мадинаи мунаввара нозир шуда кор мекардааст. Вай аз ҳамсафарони тотору бошқирди мо дар бораи Тотористон, Қазон, зисту зиндагонии ҳамдиёронаш пурсуҷӯ мекард.
Ҳоҷӣ Иброҳим бошад, аз дидани мо шод будани худро изҳор дошту бо ҳамин хомӯш шуд. Пирамард аз қабили одамоне будааст, ки онҳоро савол дода, ба гап меандозед. Аз саргузашташ пурсидам. Гуфт, ки соли 1932 аз ватан баргашта, шаш сол адр Афғонистон зиндагӣ кардааст. 25 сол инҷониб дар Мадинаи мунаввара мебошад. Фикри дубора хонадор шудан ҳеҷ гоҳ ба сараш наомадааст, зеро ёди зану фарзанд ва хешу ақрабояш як дам ӯро тарк намекунад. Дар растаи баззозони Мадинаи мунаввара бисту ду сол дукондорӣ мекард. Аммо се сол муқаддам тарки касбу кор карда, ҳоло вақти худро дар ҳарам бо тоату ибодат мегузаронад….
Аз кӯфтагии роҳ барвақт хобидам. Ҳамаи шаб хобҳои берабти гоҷ медидам. Гӯё дар рӯ ба рӯи институти тиббӣ, дар сари кӯчаи ба номи Ленин – дар паҳлуи дукони сабзавот ман ҳам дуконе кушода, кока-кола ва персикола мефурӯхтаам.
Искандар ба ман дастёрӣ мекардааст. Лекин падарқусур ҳам кумак мерасонидаасту ҳам вақте ки харидоре аз ҷумлаи духтурон ё студентони шинос биёяд, чашми маро хато карда, номаълум ба гӯши онҳо: «Ана аҳволи ҳамкасбатонро тамошо кунед» гуфта масхара мекардааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё