Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа
Аҷабо, ба чӣ асос аз ҳоҷиҳои мо шубҳа мекунанд? Агар аз ман мепурсиданд, хотирашонро ҷамъ карда мемондам.
Мегуфтам, ки хавотиратон беҳуда аст. Баръакс бояд шодию сарфарозӣ кунед, чунки ҳамаи ин бародарон дӯстони шумоянд. Агар аз ин ҳам ошкортар гӯем, гумоштаҳои идеологии шумоянд. Оё касе ки дар кишвари худ ғояҳои шуморо паҳн карда мегардад, оятҳои қуръон ва ривоятҳои ғароибро тарғиб мекунад, дӯсти бегумони шумо нест?
Аз шахси ман шубҳа кунед, гапи дигар. Афту андоми ман ба нозирон равшантар далолат мекунад, ки шахси камэътиқод ҳастам. Хусусан, ки баъди тамошои манзараи Арафот, қурбонӣ ва сангандозӣ ба шайтон дигар худро ба намозхонӣ бо кӯшиши зиёде маҷбур мекунам. Яке аз сабабҳои аз ин хонаи торик наҷунбиданам низ ҳамин аст.
Аммо дар кунҷи нимторики хона ҳам аз назорат бебаҳра намондаам. Пешинӣ дафтарчаамро бароварда, доруҳои сарфшударо рӯйхат мекардам. Охир қисми зиёди таблетка ва ампулаҳо ба табобати дардмандони дигар мамлакатҳо сарф шуд. Бухгалтерҳои мо одамони хуб бошанд ҳам, ба ҳар ҳол бухгалтерия-дия. Ақаллан аз кадом кишвар ва вилоят будани беморони берунаро ба ҳар эҳтимол қайд карда мемонам, то ки агар рафту лозим шавад, рӯйхати дурусттари расмии ҷадвалу хоначадор сохта, ба ҳисоботи худ илова кунам. Ана бо ҳамин кор банд будам, ки яке аз хизматгорони эшони Маҳмуд Султон омада ба наздам нишаст.
– Духтур, ин қадар навис-нависатон мӯл? – гуфт ӯ ва камина фаҳмидам, ки кайҳо боз ба кору бори ман мароқ зоҳир мекардааст. Метавонистам ба ӯ чӣ навиштанамро бигӯям, ё хонда, ё нишон диҳам, ки агар тавонад, худаш хонда осуда шавад. Лекин қиёфаи чоплусона, дурахши маккоронашро дидаму гарданғафсиам даст дод ва қасдан гуфтам:
– Баъзе маълумотҳои муҳимро қайд карда мемонам, ки аз ёдам набарояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё