Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа
– Ба ҳаммом меравам.
– Ҳм. Чаро?
– Ҳабдаҳ сол пеш бори якум ба Маскав омада будам. Як ошноям дар вокзали Қазон пешвоз гирифта, ҷомадони фанерии маро бардошта, ҳамин саволи туро дода буд. Гуфтам, ки рост ба Майдони Сурх меравам. Ошноям гап назада, маро ба ҳаммом бурда буд.
Исрофил чизе нагуфт.
Бо овози баланд ба сурудхонӣ даромадем:
Соқӣ, ба нури бода барафрӯз ҷоми мо,
Мутриб,бигӯ ки кори ҷаҳон шуд ба коми мо.
Мо дар пиёла акси рухи ёр дидаем.
Эй бехабар зи лаззати шурби мудоми мо.
Нохост сурудро қатъ карда, ба атрофам нигоҳ кардам.
Аммо касе чизе намегуфт, касе сурудхониро манъ намекард. Баръакс, Исрофил аз рӯи одаташ аз китфам меҳрбонона оғӯш карда менишаст.
Стюардесса бо радио эълон кард, ки самолёт дар фазои Республикаи Советии Сотсиалисии Украина парвоз мекунад.
Дар Москва борони кӯтоҳмуддат борида, ҳоло ҳаво соф шудааст. Ҳарорат 16 дараҷа.
Аз тирезачаи гирда ба поён нигаристам. Рӯи заминро баҳри беканору сап-сафеди абрҳо пӯшонида буд. Вале ман акнун кишвари худро аз қабати абр ҳам нағз медидам.
Мегуфтанд, ки ҳар кас ҳаҷ кунад, дар кӯҳи муқаддаси Арафот шаберо рӯз кунад, ориф мешавад, яъне вуҷуди худовандро яқин равшан мебинад. Вуҷуди худованд дар назари банда пештара барин ноаён бошад ҳам, қобилияти тозае пайдо кардаам, ки чеҳраи Ватанамаро аз ҳазорон фарсах дида метавонам.
Пас, ҳаҷҷи камина ҳам қабул шудааст.
с. 1965

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё