Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа
Ронандагони мошинҳои мо аз ин ҷиҳат нороҳатанд: худ дар тарафи чап нишаста, ишораҳои роҳпаймоиро ба мошинҳои аз пасу пеш оянда бояд аз даричаи рост бидиҳанд. Шаҳри якчашма рав, якчашма шав, мегӯяд мақоле.
Аммо якчашма шудан ба гуфтан осон.
– Сафоратхонаи мо ана ҳамин ҷо, – гуфт Тавфиқ як иморати атрофаш деворпеч ва дарахтзорро нишон дода. Баъдтар, ҳангоме ки ба маркази шаҳр наздик шудем, ӯ ба мо сафоратхонаҳои дабдабаноки Штатҳои Муттаҳидаи Америка, Британия, Франсия ва чанд давлати дигарро нишон дод. Бинои ҳафтошёнаи сафоратхонаи Америка аз ҳамаи дигар иморатҳо баландтар менамуд. Эҳтимол, соҳибонаш хурсанд бошанд, ки дар мамлакати дури Африқо ҳам мавқеи аз ҳама баландтареро гирифтаанд.
Гранд Ҳотел бинои калони дуқабата будааст. Дар пешаш ба дарозии иморат пешайвони барҳавое тӯл кашидааст, ки дар он барои истироҳати меҳмонон мизҳо ва курсиҳои бофтаи хасин гузоштаанд.
Меҳмонхона дар соҳили Нил воқеъ гаштааст. Оби кабкабуди дарёи куҳан ботамкин дар ҷараён аст. Аз байни меҳмонхона ва дарё роҳи асфалтпӯш мегузарад. Мошинҳои бисёре, ки аксарашон таксиҳои зарди истеҳсоли Германияи Ғарбӣ мебошанд, дар рафтуоянд. Поёнтар аз роҳ, ба соҳили дарё ду киштии мусофиркашон ба паҳлуи ҳам ҷафс шуда истодаанд.
Дар кӯзачаҳои яхдор оби хунук оварда, ба стаконҳои баланди конусшакл рехта доданд. Аз рӯяш гардам, об чизи хуб аст, аммо ба шиками сер. Мо пас аз таҳтӯли сабуки пагоҳӣ дигар чизе нахӯрдаем. Дар ресторани назди меҳмонхона вақти таоми пешинӣ гузаштааст. Акнун то шом тоқат бояд кард.
Соате гузашт. Ҳанӯз ҷойҳои моро муайян накардаанд. Боз оби хунук оварданд.
– Бинӯш, – мегӯяд Исрофил. – Нил наздик аст.
Ниҳоят, маълум шуд, ки дар меҳмонхона фақат барои чаҳор кас ҷой будааст. Сардорамон, тарҷумон ва ду мӯйсафедро ба қабати дувум гусел карданд. Боқимондагонро аз филиали меҳмонхона – аз ҳуҷраҳои ҳамон ду киштие ки ба соҳил ҷафс истодаанд, ҷой медиҳанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё