Зеҳн
Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Баъзе аз ҳоҷиён аз ин хабар парешон шуданд. Банда кӯдаквор шодӣ мекардам. Шабу рӯзҳои бисёреро дар меҳмонхонаи гуногун гузаронидам, вале дар ҳуҷраи киштӣ ҳеҷ гоҳ назистаам. Табиати одамӣ, ки ҳамеша худро ба оғӯши чизҳои нави ношинос мезанад, чаро ба камина бегона бошад?
– Кадом ҳуҷра азони мост?
– Бисёриаш холӣ, интихоб карда гиред.
Ин тавр бошад, боз ҳам хуб. Лекин аввал ҳуҷраи бароҳаттаре пайдо карда, ҳазрати Наримонро бояд ҷойгир намуд. Бар зафъи дили эшон кӯфтагии роҳ зам шуда, чашмонашон беҳолона роғ рафта истодаанд. Ҳазрат бояд ана ин ду таблеткаро – якеро фавран ва дигареро баъди хӯроки шом истеъмол фармоянд. То фардо набояд аз ин ҷо қадаме биҷунбанд. Агар боз худсарӣ кунанд, масъалаи минбаъд дар сафар ҳамроҳӣ карданашон дар пеши сардорон бори дигар, вале ин дафъа хеле қатъӣ гузошта хоҳад шуд. Гап якта.
– Хуб шудааст, ҷаноб, – дар ҷавоб изҳор доштанд ҳазрати Наримон. – Ман, ҷаноб, хоҷаи асил ҳастам, ҷаноб, ва дар ҳузури ҳар кас узрхоҳӣ кардани ман шоиста нест. Не нагӯед, шоиста нест. Лекин аз шумо узр мехоҳам. Воқеае ки дар Маскав шуд, ҷаноб, дигар такрор намешавад. Не нагӯед, намешавад.
Исрофил маро дар роҳрави киштии якум дида ҳайрон шуд.
– Э, ту дар куҷо будӣ?
– Нутқи хоҷаи асилро дар кошонаи ҳазрат гӯш мекардам.
– Афсӯс. ман бо ҳамшаҳриам як каютаро банд кардем. Гумон кардаам, ки ту бо калонҳо дар он бино мондаӣ.
– Агар аз рӯи мансаб ҷой тақсим мекарданд, он ҷо мебоист ту мемондӣ, ки муовини сардор ҳастӣ.
Ҷомадонҳои худро ба яке аз каютаҳо даровардам. Каюта чаҳор кати дутоӣ болои ҳам часпонидашуда дошт, ки ҳам дар шаклу ҳам дар вусъат тахтакатҳои паҳлуии вагонҳои қадимаро ба хотир мерасонид. Дар муқобили кат ҷевончаи либосовезӣ, дар ду гӯша ду дастрӯйшӯяки оинадор ва дар болои онҳо яктоӣ вентилятор. Вентиляторҳо хело бузург буданд ва ба дастгоҳҳои пурзӯри алавпуфкунии ошхонаҳои калон, ки дар пеши оташдонҳо шинонида мешаванд, шабоҳат доштанд. Лекин ҳаври сӯзоне ки аз боми каюта ба тан мезад ва аз бадан беист обу арақ мефишорид, гувоҳ буд, ки ҳамин дастгоҳи бузург ҳам чандон бузург нест.

пешина
аз 247
навбатӣ