Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа
Ман ҳам ба рафиқам маслиҳат додам, ки аз саломатии худаш бепарво нашавад, дар ҳавои кушод мӯлтар гардад, чунки соле ёздаҳ моҳ дар кабинети торики рентген нишастан ба ақлаш таъсири номатлуб расонида истодааст…
Исрофил аз ҳуҷрааш баромад.
– Ту намоз нахондӣ?
– Ман? Ман… хондам.
– Чаққон будаӣ. магар дар намоз суръати кори зарбдоронро ҷорӣ кардаӣ?
– Сабр кун, ягон рӯз мефаҳмӣ.
– Метарсам, ки чандон муддати мадид намегузарад.
– Хайр-дия, боз беҳтар.
Ба сайри шаҳр баромадем. Барномаи саёҳат қаблан эълон шудааст:
а) Намози шом дар масҷид хондан.
б) Шиппаки махсуси ҳоҷиҳоро пайдо кардан.
в) Миқдоре аз долларҳоро ба пули судонӣ иваз кардан, то ки агар мабодо сафарамон ба Арабистон таъхир ёбад, барои харҷи майда маблағе дошта бошем.
Пиёда гаштан ҳам дар ин ҷо санъатеро талаб мекардааст.
Баъзе кӯчаҳо пайроҳаи пиёдагардӣ надоранд. Маҷбур мешавед, ки аз як канори роҳи мошин қадам занед. Мошинҳо бошанд, такрор мекунам, аз тарафи чап мегарданд. Аз кадом канора нагардед, гумон мекунед, ки худи ҳозир боиси ятим шудани бачаҳои худ ва зиндабева мондани зани ягон шофёр мешавед.
Агар кӯча пайроҳа дошта бошад, ба рӯяш як қабати ғафс реги сурхи дурушт рехта шудааст. Ман, ки кафши тобистонии пасу пешаш яла пӯшидаам, дар ҳар бист-сӣ қадам аз роҳ монда ва якпоя истода, аз таки поям рег меафшонам.
– Моҳи нав! – фарёдкунон хабар дод қории ҷавон Темурҷон.
Ҳама аз гаштан монда, ба осмон чашм дӯхтанд. Яке аз мӯйсафедон даст бардошта, дуои дурударозе хонд. Илоҳо, гуноҳи бандагонатро биёмурз, имони мусулмононро комил бинамо, ба дунё тинҷию амонӣ ато кун, сафари моро бехатар гардон!
Ҳилоли нозук бачаи дар арғунчак бароҳат хобидагӣ барин оромона овезон буд. Ҳарчанд дар ин маҳал ин гуна вазъият доштани ҳилол аҷобате надошт, ҳамсафарони ман сахт мушавваш шуда буданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё