Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа
Кассири гурӯҳамон Ҳоҷӣ Абдухалилака хабар овард, ки пас аз ним соат ба сайри шаҳр меравем, сари роҳ ба масҷиди ҷомеъ даромада, намози шомро мехонем. Имрӯз ҷумъа аст ва ҳоҷиҳо бисёр афсӯс мехӯранд, ки пешинӣ дар ягон масҷиди Хартум хондани намози ҷумъа муяссар нашуд. Бинобар ин мехоҳанд, ки ақаллан намози шомро дар масҷид хонда, савоби иловагиро соҳиб бишаванд.
Абдухалилакаро бесабаб ҳоҷӣ намегӯянд. Ин кас се сол қабл аз ин ҳоҷӣ шуда баргаштаанд. Ана ҳамин фазилаташон сабаб шуду ин касро ҳамчун шахси ҷаҳондида вакили харҷ интихоб кардаем ва ҳамаи маблағҳои худро дар шакли долларҳои америкоӣ ба дасти эшон супурда мондаем.
Хабари кассир овардаро ба Исрофил гуфтанӣ шуда ба таки дари ҳуҷрааш омадам. Вай бо ҳамшаҳриаш мулло Зулфиқор намози аср мехонд.
Ба панҷараи киштӣ такя карда, ба атроф назар андохтам. Дар оби софи Нил села-села моҳиҳо шино мекунанд. Ҳо дар он ҷо, тахмин ним километр болотар аз киштиҳои мо Нили сафеду Нили кабуд ба ҳам рехта ва омехта, Нили кабирро таркиб медиҳанд: ҳо, Нили кабир, ин меҳнаткаши куҳан, маҳз дар ҳамин ҷо таркиб меёбад ва бо ҳамин номи қадимиаш то баҳри Миёназамин ҷорӣ мегардад.
Дар соҳили муқобил майдончаҳои холии регзор, тӯда-тӯда дарахтони хурмо ва қарағай ба назар мерасанд. Дар сафҳаи осмон парахае абр нест. Аз болои кӯпруки роҳи оҳан, ки аз ин ҷо баръало менамояд, гоҳ-гоҳе самолётҳо паст парида, ба сӯи аэропорт мехаманд.
Рост мегӯянд, ки гарданда дарёро монад, нишаста бӯрёро.
Дирӯз дар худи ҳамин асно дар яке аз ошхонаҳои Маскав ҳамроҳи ҷӯраам Искандар менишастам. «Эҳтиёт шав, ба дарёи Нил оббозӣ накун-а, – насиҳат мекард ӯ. – Худо накарда, тимсоҳе фурӯ барадат, мо аз имконияти як каф хок ба қабри муборакат партофтан маҳрум мешавем».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё