Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа
Вай ним каф тангаи сафед баргардонид.
Дастае аз ҳамсафарони мо дар пеши таксии дувум ҷамъ шуда, дар ким-кадом масъалае мунозира мекарданд. Ҳамин ки анбӯҳи одамонро дидам, одатан, ба он сӯй мешитобам. Рафту Худо накарда ҳодисае рӯй дода бошад ва кумаки духтур лозим бошад? Маълум шуд, ки ронандаи дигар пули майда надоштааст ва ба коғазҳои сеҷунайдии шарикони мо бақия дода натавонистааст. Чун ман «Чӣ гап? Чӣ шуд?» гӯён ба давраи онҳо даромадам, шофёр дар дасти ман пули майдаро дида хурсанд шуд ва тангаҳои сафеди маро гирифта, ним каф пули сурхи мисин дод.
Мо пароканда шудем.
– Ҳа, чӣ воқеа? – пурсид Исрофил, ки маро дар он тарафи кӯча мунтазир буд.
– Ҳеҷ. Латифа гуфта истодаанд.
– Латифа? Дар кӯча латифа мегӯянд?
– Ҳа. Мегӯянд, ки рӯзе Хоҷа Насриддин дар хона мехобидааст. Ногоҳ аз кӯча садои ғалмағали одамон баланд шудааст, он гоҳ зани Афандӣ гуфтааст: «Хезед, мардак, баромада хабар гиред, канӣ чӣ воқеа». Афандӣ ҷомаро ба сар гирифта мебарояд.
Он ҷо се дузд ғанимат тақсим мекарданд ва яке аз онҳо аз тақсимот норозӣ будааст. Сардори дуздон Афандиро дидан замоно ҷомаро аз сари ӯ чанг зада мегирад ва ба шарики норозиаш медиҳад. Дуздон ба ифоқа омада, ба роҳи худ мераванд.
Афандӣ ба хонааш бармегардад.
– Ҳа, чӣ ҷанҷол будааст? – мепурсад занаш.
– Э напурс, – мегӯяд Афандӣ, – ҷанҷол дар болои ҷомаи ман будааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё