Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа
СУФИТӢ, МАРҲАБО!
Азбаски дина аз сайри шаҳр бевақт омада будем, дар ресторани меҳмонхона ба ҷуз мо каси дигар набуд. Имрӯз пагоҳӣ моро аз се зали васеи ресторан гузаронида, ба хонаи пешгоҳи он бурданд. Ҳозирон, тоҷирҳо, мутахассисони европоӣ хӯроки худро лаҳзае қатъ карда, нигоҳи кунҷковона бар мо дӯхтанд. Мо дунболи ҳамдигар қатор шуда аз байни мизҳои хориҷиён нишастагӣ гузашта пеш мерафтем.
Аксарият, гӯё дар боғи истироҳат мегашта бошанд, ором ва ботамкин қадам мезад. Фақат Оллоҳназарқорӣ роҳравон биниашро мекофт.
Мабодо одамҳои советиаш ҳам ин хел мешудааст, гуфта хулоса бароранд-а, бо хавотир аз дил мегузаронидам. Не-е.
Ҷин зад магар? Ҳазор аҷнабӣ, ҳазор мухлиси «дунёи озод»
бошад ҳам, медонад, ки гурӯҳе ки мебинад, чандон намунаи одамони советӣ нестанд.
Қориака баъди ношто иҷозат доданд, ки шаҳрро давр занем, аммо то намози пешин ба меҳмонхона ҳозир бишавем, зеро эҳтимол ҳаст, ки тайёра шавад ва мо ба Арабистон парвоз кунем. Ба ғайр аз ин зинҳор ҳама якҷоя шуда гардем, ки воқеаи нохуше рӯй надиҳад.
Худам ҳам шунидаам, ки дар хориҷа ба сари ҳамватанони мо гоҳо ҳодисаҳои ғалатӣ меоянд. Чандин маротиба мусофирони моро дуздида, дар ҷое пинҳон дошта, маҷбур мекарданд, ки аз ватанашон даст бикашанд ва инро расман эълон карда, бигӯянд, ки ихтиёрӣ ба хизмати фалон давлат мемонанд. Кадом сол киштии нафткаши мо «Туапсэ»-ро нӯкарони Чан Кай-ши аз роҳ дошта, дарёнавардони моро қариб ду моҳ қину азоб дода буданд, ки аз ватани худ рӯй тобанд.
Аҷаб одамоне будаанд дар дунё. Аз рӯи кирдори як-ду махлуқи ношуд, зоҳиран, дар бораи ҳама хулоса мебароранд.
Кадом одами солимақл аз ватани худ даст мекашад? Ватан набошад, ба кас боз чӣ мемонад?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё