Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа
Оила, хона, хизмат ва ғайраву ҳоказо бидуни Ватан, дур аз Ватан ё бар хилофи Ватан чӣ маъное дорад?
Бо ҳамин қадар таъкид ва таъйиноти Қориака ҳамсафарон маро танҳо монда рафтанд. То фотоаппаратамро аз ҳуҷра гирифта, баромадам, ки дар кӯча касе аз ҳоҷиён наменамоянд.
Исрофил ҳамроҳи тарҷумони гурӯҳ бо коре ба аэропорт рафтааст. Агар вай мешуд, маро танҳо гузошта намерафтанд. Ё дар шумур хато кардаанд, ё будану набудани камина дар назари уламо якранг аст.
Хайр, ҳеҷ воқеа нашудааст. Росташро гӯям, дар байни гурӯҳ мисли гӯсфанде дар рама гаштанро намеписандам. Дар хусуси эҳтимоли ҳодисаи нохуш бошад, рӯй додани он аз бисёр ҷиҳат ба худи кас ҳам вобаста. Сонӣ, ин хел ҳодисаҳо дар мамлакатҳои ба мо кинаву адоват доштагӣ рӯй медиҳанд.
Агар рафту ягон касофат шуд, охир ман ҳам ҷон дорам…
Кӯчаи соҳили Нил аз сояи дарахтони баланди сербарг хушнамуд ва сернур будааст. Тахмин ду километр бо ин кӯча гашта, ба дасти рост тоб хӯрдам.
Хартум аслан аз се шаҳри мустақили пештара таркиб ёфтааст: шаҳри Омдурман, худи Хартум ва Хартуми Шимолӣ.
Ҳоло ман дар Хартуми Шимолӣ гаштаам, ки навтарин қисми шаҳр ҳисоб меёбад. Либоси судониҳо аз куртаи дарози сафед, салла ва кафши сабук иборат будааст. Куртаи баъзеҳо то буҷулаки пояшон мерасад, аммо бо вуҷуди ин велосипедро бо як чолокӣ ва эътимоди ҳайратангезе меронанд. Салларо тунук ва паҳн карда мебастаанд. Хизматчиёни маъмурӣ бошанд, либоси сабуки европоӣ дар бар кардаанд.
Аз қиёфаташ шинохтани араби судонӣ кори мураккаб нест. Ҳамаи онҳо – пиру барно, зану мард – дар рухсора аломати қабила ё авлоди худро нақш кунонидаанд. Ба рӯи ҳар яке ба дарозӣ ё кӯндаланг, ё якто, ё дуто-сето хатти рост ё каҷ ё нимдоира кашида шудааст. Нишонаи қабилавии баъзеҳо дар пешониашон нақш бастааст. Аломатҳоро, аз афти кор, ҳанӯз дар овони кӯдакӣ мегузоранд, ки рафтарафта дар синни балоғат ба изи ҷароҳати бурида монанд мешудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё