Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа
– Ҳа, билод – Русия. Ман – суфитӣ.
– Мошоллоҳ! Мошоллоҳ! Алҳамдуллилоҳ! Суфитӣ, марҳабо! – гӯён мардак маро аз даст дошта, аз зинаи дуконаш боло баровард ва ба пешгоҳи дукон рӯй оварда фарёд кард: – Абдулмаҷид!
Дар як он ҷавони навхате ба рӯи лаълӣ қанду чой овард.
Суҳбати мо гоҳ бо имову ишора, гоҳ бо ёрии як-ду калимаи арабие ки ҳар як тоҷики босавод медонад, муддате давом кард. Вақти хайрухуш дукондор ба ҳолам нагузошта, як дафтари серварақ ва як дона қалами ранга туҳфа намуд. ман бу ӯ якта нишони сари синагии сулҳро бо акси кабӯтар ва тарҳи кураи замин тақдим кардам.
Аз растаи косибон мегузаштам, ки кори устои курсибоф диққатамро кашид. Дар паҳлуи дари дукон қарор гирифта ба дастони чобукаш зеҳн мондам. Вай аз навдаҳои кадом як дарахт такяи курсии сабукеро мебофт. Дар даруни дукон ду нафари дигар сабадҳои нафис мебофтанд. Аз дари пешгоҳ касе баромад, ки назар ба либосаш саркори ҳамаи онҳо буд.
Ӯ ба ман наздик шуд. Салом додам. Алек гирифта табассум кард. Зоҳиран, сару либосам ба мусофириам равшан гувоҳӣ медод. Соҳибкор пурсид, ки аз куҷо омадаам. Ин дафъа саволи арабиро зудтар фаҳмидам.
Суфитӣ будани бандаро фаҳмида, ҳама кори худро қатъ карданд. Муддате дар атрофам ғун шуда, чунон ки ҷисми аз осмон афтодаро тамошо мекунанд, ба андом, сару либос, фотоаппарати ман бо мароқ менигаристанд. Яке курсӣ оварда ба мобайни дукон гузошт ва ба нишастан таклиф намуд.
– Чой? Қаҳва? Кӯкола? – мегуфт соҳиби дӯкон. Вай мепурсид, ки меҳмон ба кадоме аз ин нӯшокиҳо майл дорад. Кӯкола, яқин, талаффузи арабишудаи кока-колаи америкоӣ буд.
– Ло, – гуфтам ман. – Шукран.
Боз ба ризоияти ман нигоҳ накарда, яке аз шогирдони дукондор аз кӯча ба рӯи лаълие чанд пиёла чой ва қаҳва овард. Ба
Суфитӣ – талаффузи арабии калимаи советӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё