Зеҳн
Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

зудӣ дари дукон аз одам пур шуд. Аз дуконҳои ҳамсоя барои дидани сайёҳи советӣ косибон меомаданд. Шогирдбачаи чой овардагӣ як шахси миёнасоли либоси европоӣ пӯшидаро кашола карда овард. Вайро барои тарҷума кардани он чизе ки банда ба англисӣ медонам, оварда буданд.
Аз ман номи диёрам, аҳволи саломатии Ю.А. Гагарин, номи худам, чанд зану фарзанд доштанам, чӣ қадар маош гирифтани духтурҳо, чанд нафар будани гурӯҳи ҳоҷиёнро мепурсиданд. Дар СССР озод вуҷуд доштани дин ва муассисаҳои динӣ баъзеҳоро хурсанд мекард, баъзеи дигарро ба ҳайрат меандохт. Калонсолон бештар аз масҷиду бозор савол медоданд, ҷавонон – дар бораи мактабу маориф, иқлим ва кайҳоннавардони мо.
Пас аз ним соат ман аз саволу ҷавоб ончунон монда шудам, ки ҷарроҳ баъди оператсияи мушкилу мураккабе мешавад. Аз гӯшаҳои мийяи дар гармон ғайриодӣ гиҷшуда бо зӯру кӯшиши зиёде кофта ёфта баровардани калимаҳои даркории забони бегонае ки хеле сатҳӣ медонед, он қадар кори шавқовар набудааст. Аҳволи тарҷумон ҳам аз ҳоли ман беҳтар набуд. Бо ҳозирон хайрухуш намудам, аммо тарҷумон, Муҳаммадии Мисрии дарздӯз, маро қариб бо зӯр ба дуконаш кашола карда даровард.
Қабл аз сафар ба забондониам боварам басо қавӣ буд.
Охир, забони англисиро дар мактаби миёна ва дар институт ҷамъ панҷ сол омӯхта будам. Ҳоло, ки аз санҷиши аввалин ба ҷӯйбори обу арақ ғӯтида базӯр баромадам, бинои эътимоди худ ба худ сохтаам рахнаи намоёнаке пайдо карда буд. Ба замми ин забони хориҷиро дар муддати як моҳ комилан омӯхта, озодона муколима ва мукотиба карда тавонистани баъзе одамон ба ёдам мерасиду эҳтироми ба шахси худ доштаам боз ҳам мекоҳид.
Бо ин ҳама хурсанд будам, ки ба сайри шаҳр танҳо баромадам. Ҳаргиз чашм надоштам, ки дидани як нафар одами одии кишвари ман барои мардуми ин мамлакат ин қадар воқеаи ҳаяҷонбахш аст.

пешина
аз 247
навбатӣ