Зеҳн
Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Фурӯшандагон, харидорон, атрофамро ҳалқасон печонида саволборонам мекарданд. Дар ҳар ҷо тарҷумоне ёфт мешуд.
Дар пеши як фурӯшанда ду дақиқа наистода, фурӯшандаи дигар «Суфитӣ, марҳабо!» гӯён маро ба ҷои савдои худ гирифта мебурд, ба курсиаш менишонид, аз мардуми ба гирдам ғуншуда хоҳиш менамуд, ки он сӯтар биистанд, то ки пеши шамолро нагиранд. Яке ба ман чои гарми хуштаъм дароз мекард, дуюмӣ яхоб, сеюмӣ афлесун ё банёнеро пӯст канда ба дастам меқапонид, чорумӣ тарбузи калонеро қалам карда мегуфт, ки агар онро нахӯрам, аз ман меранҷад. Дар ин ҷо ҳам дере нагузашта, боз як деҳқони дигар маро аз даст дошта, ба растаи худ мебурд ва ҳамин тавр бо иззату икром аз ҷои худ менишонид ва бо ҳар чизе ки дар бозор мавҷуд буд, зиёфат карданӣ мешуд.
Ҳангоме ки меҳмони равғанфурӯш будам, як харидор илтимос кард, ки ба зарфи ӯ равғани зағирро маҳз табиби суфитӣ бо дасти худ чен карда бирезад. Бо тарозуи дастие ки ба ҷои як паллааш равғанкадуи ҷуммакдор овехта буданд, ним
1 ҳуққа равған баркашида, ба шишаи он мард андохтам. Мардак хеле хушнуд ва масъуд буд.
Ман аз бепул будани табобат дар СССР, бисёр будани мактабу омӯзишгоҳ ва институту унверситетҳо, дар бораи республикаҳои Осиёи Миёна нақл мекардам. Дар андоми сомеон гоҳ аломати ҳайрат, гоҳ ифодаи таҳсин ва тақвият ҳувайдо мегардид. Баъзе аз шунавандагон садое намебароварданд ва ба хаёли амиқ фурӯ рафта, хомӯш меистоданд.
Вақти намози пешин наздик мерасид. Таъйиноти Қориакаро ба ёд оварда, бо шиносони бозориам хайрухуш кардам.
Онҳо низ дукон, велосипед, ароба ва молҳои ба фурӯш овардаи худро дар ҷой-ҷояш гузошта, ба сӯи таҳоратхона ва масҷидҳо равон шуданд.

1 Ҳуққа – ченаки вазн дар мамлакатҳои араб, ки баробари 1240 грамми мост.

пешина
аз 247
навбатӣ