Зеҳн
Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

– Кувайис, кувайис, – гуфтам. – Боракалло.
Калимаҳои арабиро шунида, бачаҳо боз фарёди шодӣ баланд карданд. Лавҳагар ба ман маънидор чашмак зада, аз сандуқчаи худ боз як даста коғаз баровард ва аз байни онҳо суратеро гирифта ба ман дод. Сурати ранга аз кадом як журнал бурида гирифта шуда буд ва дар он Леонид Илич Брежнев дар миёни як тӯда судониҳо акс ёфта буд.
Аз ҷавон пурсидам, ки ин суратро чаро оина намебанданд.
Ин аз они худам, гуфт ӯ, намефурӯшам.
Бачаҳо сухани ҳамдигарро бурида сафари порсолаи Л.И.
Брежневро ба Республикаи Судон таъриф мекарданд. Яке суханҳои хуб гуфтанашро тавсиф менамуд, дигаре мегуфт, ки худаш мардаки хушрӯй аст, абрувони базеб дорад ва инро бо ҳаракати дасту абрувонаш нишон медод.
Оре, оинаи ҳассоси самимиятанд бачаҳо. Бо вуҷуди он ки таҷрибаи рӯзгор надоранд, аз калонҳо пештар ва бехато мефаҳманд, ки дар дар муомилаи кӣ чӣ андоза самимият ҳаст.
Дар олам давлатҳое ҳастанд, ки барои намояндагони онҳо болидан аз қувваи ҳарбии худ анъана шудааст, ё ҳамёни ғафси худро ба камбағалон нишон дода, беғамона худситоӣ кардан нашъае мебахшад. Аммо содалаҳвтарини бачаҳо ҳам инро дарҳол пай мебаранд. Онҳо ба чунин шахс ҳеҷ гоҳ собуни арзони худро ҳадя карданӣ намешаванд, ӯро ҳошо ва калло гуфта маҷбур намекунанд, ки кафши бе он ҳам тозаашро беподош, фақат ба хотири эҳтиром ва меҳмондӯстӣ равған молида, тоза кунанд.
Муомилаи гарм, истиқболи меҳромез ва пур аз самимият, ки дар бозори Хартум дидам, дар лавҳаи хотирам то зинда ҳастам, хоҳад буд. Дар диёри ман фақат ягон олими муъҷизакор, ё шоири бузург ё шахси бағоят бонуфузи муътабарро ин қадар иззату икром мекунанд. Суфитӣ будани банда аввал дар растаи қассобон маълум шуда, ба хаёлам, бо суръати ҳақиқатан барқосо дар сар то сари бозори калон паҳн гардид.

Кувайис – хуб, нағз.

пешина
аз 247
навбатӣ