Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа
Оллоҳназарқорӣ рост мегуфт. Лекин ӯ термометри системаи Фаренҳайтро дида буд, ки дар девори киштии якум овезон меистод. Аз рӯи системаи Селский ҳарорат 38-39 дараҷа буд, вале ман чизе нагуфтам. Бигузор гумон кунанд, ки дар роҳи ҳаҷ азобҳои гӯшношунидае кашидаанд, дар гармое ки об ҷӯшида, бухор мешавад, бе шикваю шикоят ибодати худро давом додаанд.
Кассирамон китобчаеро аз ҳуҷрааш бардошта омад, ки ҳаҷнома будааст. Маҷмӯаи қоида ва қонунҳои ҳаҷ. Ҳанӯз дар Москва Қориака ба мо дар бораи ин қоидаҳо суҳбат карда буданд. Ҳоло бо супориши он кас ҳоҷии таҷрибанок мебоист суҳбати дуюмро мегузаронид.
Иншооллоҳ, ҳамин ки хабари муҳайё гардидани тайёра даррасид, мо зуд ғусл карда, эҳром мебандем. Эҳром либоси ҳоҷиҳост. Тақрибан ду-дуним метр суфи сафедро ба тани луч аз миён поён мепечонем. Аз ин қадаре зиёдтар суфро аз болои китфи чап ва зери бағали рост гузаронида, ба танамон паҳн карда мепартоем. Ба поямон ҳамон шиппаки резинии бебахяро мепӯшем. Вақти либоспӯшӣ бо овози шунаво, беҳтараш бо овози ҳар чи баландтар такрор кардани калимоти зерин шарт аст:
Лаббайка, оллоҳумма, лаббайк!
Ло шарика лака, лаббайк!
Иннал ҳамда ван-неъмата вал-мулк; Ло шарика лак!
Яъне ки лаббай, худоё худовандо, лаббай! Эй он ки ба худ шарике надорад, лаббай! Танҳо ту сазовори ҳамду сано ва неъмату мулки дунёӣ. Инак, мо ба ҳузури ту омадаем.
Бале, мо ин калимаҳоро бояд аз ёд бидонем, чунки онҳоро на танҳо ҳангоми эҳромбандӣ, балки дар тамоми муддати ҳаҷ бешумор такрор намоем.
Баробари қадам ниҳодан ба хоки муқаддаси ватани пайғамбар алайҳиссалом ба ҳар восита худро ба роҳи Маккаи мукаррама меандозем ва ба Қаъбатуллоҳ расида, хонаи худоро тавоф, яъне зиёрат мекунем, оби зам-зам менӯшем. Баъд ба кӯҳи мубораки Арафот рафта, ақаллан як шабонарӯзро дар доманаи ин кӯҳ мегузаронем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё