Зеҳн
Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Як шабонарӯзро дар кӯҳи ҳамин гуна мубораки Муздалиф хоҳем гузаронид. Се шабонарӯз, иншооллоҳ, бо тоату ибодат, маросими қурбонӣ ва сангпарронӣ ба ҳайкали шайтони раҷим дар водии Мино хоҳад гузашт.
Сипас боз ба Маккаи мукаррама баргашта, муддате Каъбатуллоҳро тавоф мекунем, боз аз оби шифобахшу ҳаётофарини зам-зам менӯшем, баъд иншооллоҳ ба зиёрати оромгоҳи пайғамбар – Мадинаи мунаввара равон хоҳем шуд.
Воқеан, номи шаҳр ва мавзеъҳои Арабистонро минбаъд зинҳор бо иловаи сифати муносиби онҳо ба забон мегирем.
Масалан, бандари баҳрӣ ва ҳавоии Ҳиҷоз – шаҳри Ҷаддаро Ҷаддаи муборака мегӯем. Макка – Маккаи мукаррама, Мадина – Мадинаи мунаввара. Ин тақозои одоби мусулмонист.
Хуб шудааст, ҳамин тавр мекунем. Бо таърифи мо обрӯй ё ободии мавзее меафзуда бошад, марҳамат.
Мусоҳибаи таълимӣ оид ба ҳаҷ ба поён расид. Суҳбати озод сар шуд. Яке аз қориҳо дар бораи хислатҳои неки пайғамбар ҳикоят сар кард. Расули худо бисёр одами раҳмдил будаанд. Рӯзе бо саҳобаи худ менишастанд, ки гурбае номаълум омада, бар домани ҷомаашон хобидааст.
Вақте ки ба хестан зарурат меафтад, ҳабиби парвардигор он ҷонварро ташвиш додан ва ба хоби вай халал расонидан нахоста, домани худро бурида аз ҷой мехезанд.
Ман аз шунидани ин ривоят кайф кардам. Раҳмдилии расули Худо дар ҳақиқат сазовори таҳсин будааст. Лекин агар ҳамин ҳимматро ба фарзанди инсон ҳам раво медиданд, кори сара мешуд-дия. Он гоҳ дар айёми пурошӯби ҷорӣ кардани дини мубораки ислом сари ҳазорон-ҳазор одамони бегуноҳ аз танашон ҷудо намешуд. Баъдтар, дар замони халифагии чор ёри босафо – Абӯбакр Умару Усмону Ҳайдар ҳам садҳо шаҳрҳои обод, деҳаҳои ҷаннатосо ба макони бумҳо ё майдони асптозиҳои лашкари ислом табдил намеёфт. Он гоҳ шояд тифлони навзоди одамони гӯлу гарангеро, ки дини исломро фавран қабул накарданд, дар гаҳвораҳо, дар синаи гарми модарашон бо «шамшери адолат» қалам намекарданд.

пешина
аз 247
навбатӣ