Зеҳн
Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Оҳиста ба наздаш рафтам.
– Биё, ба кӯча мебароем, – таклиф кард ӯ.
– Майли ноиб-ур-раис қонун аст. Рафтем.
Исрофил чизе нагуфт. Аз ваҷоҳаташ пай бурдам, ки ҳоло ба ҳазлу шӯхӣ майл надорад. Роҳравон пурсидам, ки дар бораи мубоҳисаи ҳамкасбонаш фикри ӯ чист. Исрофил аз роҳ бозистода, чашмони мешии худро ба замин дӯхта ва тугмаҳои куртаи маро хаёлмандона бозӣ доронда истод ва ниҳоят, бо як оҳанги гарони ҳузномез гуфт:
– Ба мубоҳисаҳо хуш надорам.
Аз зинаи киштӣ ба соҳил фаромада, аз зинаи сангини соҳил ба боло, ба кӯча баромадем. Исрофил оринҷҳояшро бар панҷараи канори кӯча гузошта, муддате ҷараёни дарёро тамошо карда истод.
– Бошқирдҳо як мақол доранд, – гуфт ӯ лабханде карда. – «Менда мулла, сенда мулла, атга пичан ким сала?». Аз ҳамкасабаҳои ман чортааш ба як ҷо ҷамъ шаванд, ғайр аз мунозираю муҳокимаи ана ҳамин хел гапҳо дигар кореро намедонанд.
Оре, гумони мубҳами камина ки дар вуҷуди мутаваллии Уфа як чизи амиқтар аз шуури муқаррарии муллоёна ҳаст, тадриҷан тасдиқ мегардид.
– Ҳар рӯз аз даҳони сад кас мешунавем, ки ҳоло асри бистум аст, вале ҳеҷ не ки маънои ин ҳақиқати одӣ ба шуури мо бирасад, – илова намуд Исрофил пас аз фосилае.
Ман чизе нагуфтам.
Одамонро ба дарёҳо ташбеҳ диҳанд ҳам мешудааст. Хислати баъзеҳо наҳрҳои тезҷараёну пурғулғулаи кӯҳистони моро ба хотир мерасонад. Як қабили дигар ба ана ин Нил барин дарёҳои ороми саҳроҳои васеъ монанданд. Аммо, дарёҳое низ ҳастанд, ки зоҳиран ором намоянд ҳам, дар тактари ҷараёни худ тохтутозе доранд, мавҷҳо, гирдобҳои ниҳоние доранд.
Исрофил ҳам, ба хаёлам, дар замири дил ана ҳамин гуна мавҷҳо, печутобҳо дорад, ки худаш медонаду бас.

пешина
аз 247
навбатӣ