Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа
Бегоҳиҳо ба саҳни пеши меҳмонхона мизу курсиҳои бисёреро бароварда мемондаанд. Хориҷиён дар ин ҷо нишаста, чою қаҳва, ё шароб нӯшида, истироҳат ва суҳбат мекардаанд.
Ману Исрофил наздиктар ба кӯча аз сари мизе ҷой гирифта, ба пешхизмат оби мева фармудем. Нӯшобае овард, ки аз он таъми маҳлути афлесун, шафтолу ва ҳандалак меомад.
Тарҷумонамон Абдусамадака рӯзномае дар даст омада, ба назди мо нишаст. Илтимос кардем, ки рӯзномаро хонда, ба мо тарҷума кунад. Дар он ҷо ба Судон омадани сирки Хитой ва ҳоҷиёни советӣ навишта шудааст. Нисфи рӯзнома аз эълон иборат буд: эълон дар бораи қабули хонандагон ба кимкадом курс, оид ба фурӯши чой, резини автомобил, иҷораи хона ва ҳоказо.
Дар саҳни киштӣ мубоҳисаи илмӣ, зоҳиран ба охир расида буд, ки дар он тарафи кӯча ду нафар аз шариксафарони мо пайдо шуданд ва пушти худро ба панҷараи соҳил такя дода, ҳар ду баробар ба биниковӣ даромаданд.
Исрофил ин манзараро муддате муоина карда нишасту баъд, аз афти кор, сардори дуюми гурӯҳ будани худро ба ёд оварда бархост ва ба он сӯи кӯча гузашт. Пас аз гуфтугӯи мухтасари ӯ он ду нафар биниковиро қатъ карданд.
– Чӣ гуфтӣ ба онҳо? – пурсидам баъди баргаштанаш.
– Духтур фармуд, ки гуфтам, биниковиро бас кунед, чунки аз як тараф, хавфи тунук шуда аз паҳлу сӯрох шудани девораи бинӣ ба миён меояд, гуфтам, аз тарафи дигар мумкин аст, ки тамошобинони хориҷӣ аз рӯи кирдори шумо, худо накарда, ба одоби мардуми мо баҳо диҳанд.
– Хуб кардӣ, ноиб-ур-раиси муҳтарам, лекин минбаъд аз номи худат гап зан. Шариконро бо ман тез накун. Бе ин ҳам ким-чӣ хел каҷ-каҷ менигаранд
– Сафсата! Касе ба ту бадхоҳ нест.
– Бадхоҳ нагуфтаам. Гӯё шубҳаомез менигаранд.
– Ҳаргиз. Андак истиҳола мекунанду халос. Худат медонӣ, ки байни духтур ва мулло камтар тафовут ҳаст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё