Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа
– Чӣ мегӯед?
– Илоҳо барака ёбед, калиди ҳуҷраи маро оварда диҳед.
Дар дасти Оллоҳназарқорӣ мондааст.
– Оллоҳназар дар куҷост?
– Он ҷо, пеши меҳмонхона нишастааст.
Ҳеҷ ба шуурам намерасид, ки чаро мулло Абдурозиқҷонака овардани калиди ҳуҷраашро ба ман мефармояд. Ба хаёлам намерасид, ки ӯ маро дастёри одии худ барин кор фармуданисту бас.
Боло баромадам. Дар рӯ ба рӯяш қарор гирифтам. Ришу мӯйлаби сип-сиёҳи ғуллиаш ба ордаки банён олуда буд.
Чашмонаш аз қаноат ёфтани нафс, аз лаззати мева масрурона милтос мезаданд.
– Ҳозир худатон аз ҳамон ҷо омадед-ку?
– Фаромӯш кардаам.
Ҳис кардам, ки дил дар синаам ба ларза даромад. Як тоифа одамон ҳастанд, ки агар бо эшон муомилаи нарм кунед, эҳтиром кунед, хулосае мебароранд, ки шуморо полон зада, савор шаванд ҳам, итоат мекунед. Кошкӣ ӯ ақаллан дар синну сол аз ман калонтар мешуд, ё нотоб мебуд, ё бо кори заруре банд мешуд, ки фармоишаш асосе пайдо мекард.
Ба рӯяш, ба ришу мӯйлаби ордаколуд, ба лабони шираолудаш писхандомез нигоҳ карда истоданамро дида, мардак телба шуд. Шаддаи банёнро ба кисаи халтаосо васеи яктаҳи сафедаш ҷо кард, лабу лунҷи худро бо дастрӯмол пок карду гуфт:
– Агар бемалол бошад-дия, духтурҷон.
Аз кори худ пушаймон шуда истодани мулло Абдурозиқҷонро пай бурда, хандаам гирифт. Ба худам хандаам меомад, ки чанд лаҳза қабл аз ин аз кирдори ҳамин шахс қариб, ки оташин шавам. Магар меарзад?
– Эзори дирӯз харидаатонро пӯшидед? – пурсидам хандаомез.
– Ҳа, чаро напӯшам?
– Пӯшед, насиб кунад, лекин шитоб кардаед.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё