Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа
Хӯроки нисфирӯзиро ба саҳни киштӣ оварданд. Ба фарши тахтагин дастархон густурда, дар атрофи он аз матрасҳои бекорхобида ҷойгоҳи нарме сохтем ва дузону нишастем. Бо эҳроми юбкашакл дигар хел нишастан мумкин ҳам набуд.
Пас аз таом суҳбати илмӣ сар шуд. Калонсолон ба ҷавонон аз фарзу суннати маросими ҳаҷ нақл мекарданд. То даме ки ҳоҷӣ дар тан эҳром дорад, набояд касеро ранҷонад, ба касе аз бинӣ боло гап занад, ҳатто магасе ё кайкеро куштан, гиёҳе, ҳатто барги дарахтеро ҳам кандан қатъиян мамнӯъ мебошад.
Бо эҳтиёт нишасту хез, хуфту хоб кардан низ аз шартҳои муҳимтарин аст, то ки аз ноф то зонуи ҳоҷӣ ҳамеша пӯшида бошад (қаблан бояд эътироф кард, то даме ки эҳром дар танам буд, ғайр аз шарти охирин дигар ҳамаи шароитро дақиқона ба ҷо оварда тавонистам, чунки бо он ҳама эҳтиёткорӣ ва кӯшише ки ба кор бурдам, комилан аз бар кардани санъати юбкапӯшӣ каминаро муяссар нагардид).
Аз Исрофил пурсидам:
– Таърихи расм шудани эҳромбандиро медонӣ?
– Пайғамбарамон Муҳаммад мустафо саллаллоҳу алайҳи васаллам фармудаанд. – гуфт ӯ.
Бечора, ходими дин шуда истода, ҳаминро намедонад.
Эҳромпӯшӣ ҳазор сол пеш аз пайғамбар расм шуда буд.
Ҳанӯз вақтҳое расм шуда буд, ки замину чарогоҳҳои нимҷазираи Арабистон моли ҷамъият, яъне моли қабила ва авлодҳо буд ва ҳар касе аз қабилаи дигар меомад, водор буд, ки либоси махсус – эҳром бандад ва ба ин восита маълум намояд, ки ӯ мусофир аст ва ба худои ин қабила сари таъзим фуруд меорад; оре, эҳром фақат либоси мусофир ё меҳмон буд ва боз барои он лозим буд, ки шахси эҳромпӯш дар замин ё чарогоҳи бегона сайде шикор накунад, дарахтеро наафтонад ба полезе бе иҷозат дохил нашавад ва ғайра ва ҳаказо.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё