Зеҳн
Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

САФАР БЕХАТАР БОДО!

Исрофил бедор шуда, маро нихтакунон ба берун ишора намуд. Домани шарқии осмон кабуд шуда буд. Тулӯи хуршед наздик мерасид.
– Аҷабо, ҳоло дар куҷо бошем?
Ҳангоме ки дар аэропорт будем, мӯйсафеде пурсид, ки кай ба манзил мерасем. Ходими аэропорт гуфт:
– Баъди панҷуним соат ба Қоҳира ва пас аз се соати дигар ба Хартум мерасед.
Яке аз русидонҳо ҷавоби ӯро ба таври зерин тарҷума кард:
– Худованди раҳим меҳрубонӣ кунад, панҷуним соат парвоз карда, иншооллоҳ, ба шаҳри муаззами исломия – Қоҳираи муборак мерасем ва агар парвардигори карим сафарамонро бехатар гардонад, боз се соати дигар парида, ба манзил хоҳем фаромад. Оллоҳи таоло дар паноҳи кибриёии муаззамаш нигоҳ дорад!
Ҳама «омин!» гӯён даст ба рӯй кашидем.
Агар рӯз мешуд, стюардессаҳо ҳар замон эълон мекарданд, ки ба фалон ҷо омадем, ҳарорат фалон дараҷа аст ва ҳоказо. Ҳоло ҳама дар хоб. Ба тахминам, ҳозир мо бояд дар осмони Юнон бошем.
Ман аввалин бор ба хориҷа меравам. Яқин медонам, ки ҳар чизе аз имрӯз эътиборан мебинам, барои ман ғайриодӣ, аҷоиб хоҳад буд. Оламе ки ба он қадам мениҳам, аз дунёе ки солҳои сол бароям шиносу наздик буд, аз дунёе ки аз они ман аст, тафовут хоҳад дошт. Инро яқин медонаму бо вуҷуди он ояндаи ноаён дар вуҷудам изтиробе бедор кардааст. Чӣ хоҳад шуд? Чӣ рӯзҳое ба сарам хоҳад омад?
Росташро гӯям, ба ҳодисаи бароям ғайримунтазир ҳанӯз дар хоки худамон дучор омада будам. Бори нахуст дар умрам ҷомадонҳои маро дар аэропорт кушода такурӯ карданд. Ман ду ҷомадони хурд дорам, дар яке сарулибосу захираи сигарет ва қанду чои кабуд, дувумаш пур аз дорувор ва асбобҳои тиббие, ки дар ҳар қадам лозим хоҳанд шуд. Як нафар одами ҷавон, ки аз афташ, ходими боҷхона буд, ҳар як қуттичаи доруро дастдаст карда медид, мағзи тӯбчаҳои докаи ҷароҳатбандиро кушода нигоҳ мекард.

пешина
аз 247
навбатӣ