Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа
Аз ҷомадони дигар пачкаҳои сигаретаро гирифта, чандтои онро тахминан ҷудо карда, вазнашонро бо дасташ санҷид. Пачкаи қанди бурида (рафинад)-ро даронида дид. Ба ҳамаи ин ором нигоҳ карда меистодам. Ҳарчанд мефаҳмидам, ки ин расмияти зарурист, дилам ғаш мекард. Дар хонае ки дар ҳузури шумо ягон чизи қиматбаҳо гум шудааст, худро ҳамин гуна носозу ноҳинҷор ҳис мекунед.
Ходими боҷхона фотоаппарати маро ба даст гирифт, ғилофашро кушод ва ба ин сӯву он сӯяш нигоҳ карда, ба ҷояш монд. Пас се ғалтак фотоплёнкаи захиравии ба коғази сиёҳ печонда мондаамро ба даст гирифт.
– Плёнка? – пурсид ӯ.
– Ҳа.
– Нав?
– Ҳа.
Ғалтакҳои коғазпечро андешамандона даст-даст карда диду якеро кушоданӣ шуд, аммо накушод ва боз пурсид:
– Ҳеҷ кадомаш аксе надорад?
Дар ин лаҳза намедонам маро чӣ ҷини каҷалак зад, ки дигар тоқатам тоқ шуд. Худам нафаҳмида мондам, ки чӣ тавр хун ба сарам зада ва аз шиддати изтироб суп-сурх шуда, бо овози ларзон қариб фарёд кашидам:
– Нав гуфтам-ку! Ба гумони шумо, ман кистам? Ман духтури советӣ ҳастам. Советӣ, фаҳмидед?
Зоҳиран, бори якум набуд, ки ходими боҷхона ин гуна муомиларо медид. Вай ба сӯям як нигоҳи таасуфомезе афканда, аз наздам дур шуд…
Самолёт ҳамчунон ором роҳ мепаймояд. Гоҳ-гоҳе ягон кас аз экипажи он ба ин сӯву он сӯи салон гузашта, ба мусофирон назар мекунад. Ба хаёлам, ба ҳамсафарони саллаву ҷомадори ман назар ба дигарон бештар менигарад.
Ана, ҳазрати Наримон бедор шуда, аз ҷой бархостанд ва ба роҳрави мобайн баромада, хамёза кашиданӣ ҳастанд. Аммо шифти на чандон баланди салон ба иҷрои нияти ҳазрат монеъ шуда истодааст. Ин хел қади баланд, дасту поҳои дароз-дарози бебаркашро ман тахмин панҷ сол пеш аз ин дар ҳайати командаи баскетболбозони кадом як республикаи назди Балтика дида будаму бас.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё