Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа
Чун аз ин мева чашидан ё начашидани он ҳазратро муайян карда натавонистанд, яъне дар ин бобат ишораи аниқе пайдо карда натавонистанд (он вақтҳо «Қисас-уланбиё» ва «Қобуснома»-ҳо ҳанӯз ба дунё наомада буданд), як умр тарбуз нахӯрда аз олам гузаштанд. Ҳамин хел зоти дақиқкор буданд ҳазрати ибн Ҳанбал. Ман бошам, мехостам, ки мавқеи дандоншӯякро муайян кунам.
Магар ин гуноҳ аст?
Модоме ки саволи якумам боиси озори хотири ҷӯраам шуд, қарор додам, ки саволи дувумам дар дилам пӯсида равад. Акнун мегӯям, ки муаммои дигар дар бораи қатли хомӯшак буд. Саҳарӣ яке аз хомӯшакҳое ки дар соҳили Нил бисёр будааст, дар вақти хобам пешониамро газидааст. Ман онро хоболудона зада куштаам. Пурсиданӣ будам, ки оё ғайри ихтиёр куштани хомӯшак гуноҳ мешавад ва ба ҷаримаи он гӯсфанд куштан зарур аст, ё худ дар хоб буданам ҷинояти маро сабук менамояд?
Бигузор акнун ин муаммо то абад ҳал нашуда монад.
Наҳориамонро дар саҳни киштӣ тановул кардем. Баъзеҳо бо овози паст бо ҳам аз ину он суҳбат мекарданд, куҳансолон дар ҷои нишасташон пинак мерафтанд.
Исрофил аз ман дур нишастааст. Аз афташ, қасдан худро ба канор мегирад. Наход масъалаи дандоншӯяки зормонда ӯро ҳамин қадар ранҷонида бошад? Ё шояд ягон сабаби дигар будагист?
Оллоҳназар дар ҳар панҷ-шаш дақиқа бо овози баланд баногоҳ «алҳамдулиллоҳ!» гуфта пинаки ҳамаро мепарронад.
Аммо ба ӯ касе гап намезанад, зеро ба худо ҳамд гуфтан са-
1
Аҳмади ибни Ҳанбал – яке аз асосгузорони шариати ислом, соли таваллудаш 780, вафоташ 855-и милодӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё