Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа
Сайёраи мо гӯё заррачае буд ва дар ин баҳри пурвалвалаи одам беному нишон гум шуда рафт. Полисҳои шаҳр, ки ба тақлиди низомиёни америкоӣ либоси хокиранг пӯшида, таппончаҳошонро аз пеши тасма овехта буданд, дар миёнаи издиҳоми бесару сомони ҳоҷиён оҷизона даступо мезаданд.
Садои ҳуштаки онҳоро ба ҷуз худашон касе намешунид. Дар майдончаҳое ки ду-се кӯчаи шаҳр ба ҳам мепайвастанд, автомобилҳои серодам аз ҳар сӯ ба муқобили якдигар расида, гӯсолаҳои гарданшахи ҷангҷӯй барин сар ба сари ҳамдигар гузошта дар ҳамин ҳол шах шуда монда буданд. Сайёраҳои дигар аз паси онҳо ба масофаи чандин километр қатор ва ба пушти якдигар ҷафс шуда, то қувват доштанд, гудок мезаданд ва ба худ роҳ талаб мекарданд.
Сигнали якҷояи садҳо, ҳазорон мошинаҳои гуногунмаркаро тасаввур кардан лозим. Боз инро ба назар гирифтан лозим, ки аксари мошинаҳо сигналҳои ашӯлахон доранд, яъне фақат бо «ғат» ё «ғут» карда садо баровардан қаноат намекунанд. Ҳамин ки ронанда тугмаи сигналро пахш кард, аз карнаи автомобил як порча нағмаи бадҳайбате берун меояд. Сайёраи бузурги сурхи боркашоне ки ҳатто дар боми брезентпӯшаш мусофирони бӯғчаю қаҷовадор часпида менишастанд, аз дунболи сайёраи мо истода беист гудок медод ва карнайҳои вай гӯё ба ҳавои «Чорбоғи боло, чорбоғи боло» ашӯла мекарданд.
Астағфируллоҳ, дар ҳолате ки аз шӯру валвалаи атроф мағзи одам қариб таркам мегӯяд, боз хандаи кас меояд.
Соати аввал маро тамошои чеҳраҳои намояндагони халқҳои се қитъа машғул медошт. Сонӣ ҳис кардам, ки сарамро дарди сахте фаро гирифтааст. Ин дард аз зӯри ғалмағале буд, ки аз он фазои модари шаҳрҳо ба ларза афтода буд. Доду фиғони роҳгузарони маҳаллӣ, бонгу фарёди ронандагон, гудоки сайёраҳо, чанги кӯча, дуду дудғӯлаи дуконҳои хӯрокпазии атроф… Ёд дорам, ки калонсолон ҳангоми

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё