Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа
афсона гуфтан чунин ибораеро низ кор мефармуданд:
«Фалонӣ ба кӯча баромад ва дид, ки шаҳр дуд мерафт». Дар бачагӣ ин ибораро мешунидаму сарфаҳм намерафтам. Акнун фаҳмидам, ки шаҳри қадимии машриқзамин чи гуна метавонад дуд биравад.
Сокинони Макка ба ин ҳангома, аз афташ, одат кардаанд ва аз доду шавқуни зиёд лаззат мебаранд, ки бо гудоки сайёраҳо қаноат накарда, ба велосипедҳои одӣ ҳам сигнали автомобил шинондаанд.
Аз сумкаи дастиам як дона пирамеин ёфта, беоб фурӯ бурдам. Порчаи пахта гирифта, сахт лӯнда карда ба гӯшҳоям хастам.
Дар ҳар ним соат бо ҷанҷолу ханҷоли зиёди ҷорикунандагони тартибот порчае роҳ яла мегардид ва сайёраи мо чанд қадам пеш мерафт. Ним соати дигар дар ҷоямон меистодем ва баъд чанд қадами дигар ба пеш мехазидем.
Боз мегӯям, ки мурури замон барин муъҷизакоре набудааст. Ду километр масофаи байни канори шаҳр ва меҳмонхонаи «Арафот» то намози шом, ниҳоят тай шуд ва мо ҳамсафарони худро дар он ҷо ёфтем.
Аммо лунҷи ҳамсафарон овезон буд. Дар меҳмонхонаи «Арафот» ҷои холӣ набудааст. Солҳои гузашта ҳоҷиёни аз мамлакати мо омада дар ҳавлии Зайнӣ Кӯшак ном саиди давлатманд манзил мегирифтаанд. Ҳавлии Зайнӣ Кӯшак ба ҳарам, яъне ба қаъбатуллоҳ наздик бошад ҳам, мусофирон аз ҷои хоб, хӯрокиву нӯшокӣ чандон розӣ намешудаанд.
Бинобар он сардорони гурӯҳи мо мехостаанд, ки имсол дар ҷои бароҳаттаре манзил бигиранд. Касе аз ошноҳои инҷоинашон ҳанӯз як моҳ муқаддам ба Тошканд, ба идораи динии мусулмонони Осиёи Миёна барқия фиристода, гуфта будааст, ки имсол барои ҳоҷиёни советӣ аз меҳмонхонаи навбунёди «Арафот» ҷой банд карда мемонад. Соҳибони «Арафот» бошанд, аз рӯи мақоли «ҳозирро ҳузур, ғоибро маъзур», амал кардаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё