Зеҳн
Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Кӯркӯрона, мисли гӯсфандоне ки ба тарафи кашиши ресмон қадам мегузорад, роҳ мепаймудем. Як вақт фармуданд, ки кафшҳои зиёратии худро бикашед. Фақат дар ҳамин асно пай бурдем, ки мо ба хонаи Худо расидем. Ба пеш нигариста, тарҳи аз сурати китобҳои қадима ва аз нақлу ривоятҳо шиноси каъбаро дидем.
Майдони кушоди атрофи каъба аз фонусҳои калони электр мунаввар буд. Дар гирди майдон айвони васеъ ва пурнақшу нигори давра ва дар атрофи он боз як айвони аз он баландтар ва бошукӯҳтари мураббаъ сохта буданд. Мо ба як гӯшаи ана ҳамин иморати айвоншакли берунӣ будем. Як зани ҳиндисимо кафшҳои моро ба рӯи қарси чиркини худ тӯб карда гуфт, ки то омаданамон онҳоро нигоҳбонӣ мекунад.
Аз айвони мармарфарши дохилӣ ба сӯи каъба пайроҳаҳои ҳамин гуна мармарфарш мебарад. Ба замини байни пайроҳаҳо реги сурх рехтаанд. Зери ҳар ду айвон, регистони байни пайроҳаҳо пур аз одам. Таҳмин 10-12 ҳазор кас дар ин ҷо рӯй ба марказ, ба каъба гардонида, дар болои ҷойнамозҳои худ машғули ибодат буданд. Машкобҳои бисёре дар миёни издиҳоми ҳоҷиён гашта ва дар ҷоҳои махсусан тиқилинҷ аз болои китфу сару пушти хамидаи онҳо ҷаҳида гузашта, «Замзам! Зам-зам! Ишриб зам-зам!» гӯён фарёд мекашиданд.
Саиди мутаввоф моро дақиқае дар пеши каъба нигоҳ дошта, оятеро такрор кунонид, сонӣ аз дунболи худ ба тавофи хонаи худованд бурд. Баръакси гашти мили соат дар атрофи каъба ба чарх задан даромадем.
Дар гӯшаи рости девори шарқии каъба дари тиллокорие намудор аст. Поёнтар аз остонаи баланди ин дар сӯрохе сохта ҳаҷаруласвад, яъне санги сиёҳи муқаддасро ба он ҷо гузоштаанд. Сӯрох ба қадрест, ки одам битавонад сари худро дароварда, ба санг наздик барад ва онро бӯса кунад.
Аммо дар ин издиҳом ҳадди касе нест, ки дар бораи бӯсидани санги Парвардигор инъомкарда ақаллан орзуе намояд.

пешина
аз 247
навбатӣ