Зеҳн
Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

– Чунки ман ба ин бӯю бухор бисёр тобоварам, ягон соати дигар тоқат карда метавонам. Сонӣ бетабиб мемонед.
Исрофил даст ба даҳонаш бурда, хандаи худро пинҳон кард.
Якпиёлагӣ ҷурғот ва нимкосагӣ вермишелшӯрбо оварданд. Фотиҳа хонда бархостем ва берун баромадем. Марди қоқинаи сиёҳандоме ки яктаҳи сиёҳи саидона дар бар карда буд, китобчае дар даст ба пеши қатор гузашт ва ба забони вайрони туркӣ гуфт, ки иншооллоҳ ба тавофи каъба меравем ва ҳарчи ӯ гӯяд, мо бояд такрор кунем.
– Аузу биллоҳи мин-аш-шайтони ар-раҷим! – бонг зад ӯ ва мо, ки баъди ҷурғоту вермишел андаке қуввати тоза ҷамъ карда будем, ин калимотро аз ӯ баландтар такрор кардем. Ӯ роҳрававон дуои духули каъба, дуои нияти тавоф ва ғайраро ҷумла-ҷумла зикр мекард, мо-такрор.
Аз кӯчаи танги каҷмакаҷ мерафтем. Дар ду тараф дуконҳои баққолӣ, нонвоӣ, каллапӯшфурӯшӣ ва ғайра воқеъ гашта буданд. Мардуми зиёди эҳромбаста ба ин сӯву он сӯ ҳаракат мекард ва мо барои роҳгум назадан аз доман ё дасти якдигар дошта, турнақатор пеш мерафтем. Аз кӯчаи танг берун шуда будем, ки издиҳоми одамон зичтар гардид. Акнун садои дуохонии роҳбалад ба охири қатор намерасид ва пасояндагон ҳар чизе ки аз атроф ба забони арабӣ шунида мешуд, бо ҳуши парешон ва сари гиҷ такрор мекарданд. Ҳамин гуна шаддаҳои зиёратгарон аз чапу рост, аз пешу дунболи мо низ ҳаракат мекарданд. Саидҳои мутаввоф (роҳбари тавоф) аз рӯи китобчаҳои дар дасташон буда оятҳоро мехонданд, мардум такрор мекарданд. Автомобилҳо, аробаҳо, харакиҳо бо доду фарёд дар кӯчаву майдон талоши худро барои қадам ба қадам пеш рафтан давом медоданд. Қатори моро чанд бор мошинҳо бурида, ба ду тараф ҷудо карда гузаштанд ва мо то ҷон доштем номи якдигарро гирифта фарёд мекашидем, ки ҳамдигарро дар ин валвала гум накунем.
На Исрофил, на ман ва на дигар ҳамсафарони ба ин ҷо аввалин бор омадаи мо намедонистем, ки бояд чӣ қадар роҳ паймоем ва кай ба зиёратгоҳ мерасем.

пешина
аз 247
навбатӣ