Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа
бударо ин тарафу он тараф пош додааст ва дар натиҷа чоҳе
1 ба вуҷуд омада, аз он баромадааст.
Бале, ана ҳамин оби зам-заме ки ҳоло сар то пои мо аз намии бобаракоти он баҳраманд гаштааст, самараи почакзании ҳазрати Исмоил-пайғамбари нав ба дунё омада будааст.
Саиди роҳбалад оятҳои зиёрати Софову Марваро мехонад, ҳама бо овози гирифта такрор мекунанд. Масофаи байни ду теппа тақрибан сесад метр меояд. Маршрути завҷаи олимақоми пайғамбарро такроркунон ҳафт маротиба ба ин кӯҳу он кӯҳ баромада мефароем. Дар ҷое ки ҳазрати Бибӣ оҳиста гаштаанд, мо низ оҳиста мегардем, дар ҷое ки тохтаанд, метозем ва дар ҷое ки на тохта ва на оҳиста гашта, балки йӯрға кардаанд, мо ҳам йӯрға мекунем.
Ҳоҷиёни дардманди бепоро дар ин ҷо аз занбарҳо фароварда, ба аробачаҳои дучарха ё сечархаи беморнишин савор кардаанд. Чуноне дар табобатхонаҳо мекунанд, аробачаро пеш андохта меронанд. Хайрият, ки рӯи харсангҳо махсус барои ин аробачаҳо аз тахта пайроҳае сохтаанд, вагарна аз бардорузани рӯи сангҳои ноҳамвор саёҳати шарифи хоҷиёни бемор ба саёҳати вопасин мубаддал мегардид.
Ҳамон байти шоирро, ки дар Хартум мисраи дуюмаш ҳеҷ ба ёдам намерасид, беихтиёр такрор мекунам:
Падарам равзаи ризвон ба ду гандум бифурӯхт,
Нохалаф бошам агар ман ба ҷаве нафрӯшам.
– Қурбон, чӣ мехонӣ? – мепурсад Исрофил.
– Оят мехонам.
– Ҳа-а. Ба гӯши ман калимаҳои забони дигар барин расид.
1 Баъзе шаккокон мегӯянд, ки ҳамаи пайғамбарони мо аз ҳазрати Одам кашида, то пайғамбари охирзамон Муҳаммад Мустафо ба меҳнати ҷисмонӣ аз паси панҷа менигаристанд. Ин воқеа гувоҳӣ медиҳад, ки шаккокон муболиға мекунанл, чунки на ҳамаи пайғамбарон меҳнатгурез будаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё