Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа
– Гӯшат нағз кор мекунад. Ба забони худам мехонам. Мехоҳӣ, такрор кунам?
– Канӣ, бигӯ.
Байтро такрор кардам.
– Ин чӣ маъно доштааст?
– Баъд тарҷума мекунам. Ба ҳавои яккачорхез давида, оят тарҷума кардан он қадар кори бароҳат нест.
– Урусӣ гап назанед! – касе аз пас бонг зад ба сари мо.
Ин кас Мулло Абдурозиқҷонакаи миҷ-миҷдаҳон буд. Ман дар дилам ба ӯ ин лақабро инъом кардаам. Даҳонаш доимо ҷунбида меистад. Ҳатто дар роҳи Маккаи мукаррама савори таксӣ мерафтему ӯ аз халтааш чизе бароварда мехоид.
– Урусӣ гап назанед! – такрор намуд ӯ, аз афти кор, барои он ки фармони худро бештар қувват диҳад.
Лаҷоми махсумро ақаллан саҳле кашида мондан хуб мешуд, то ки аз табақ нағеланд. Аммо дар ин ҷо муноқиша кардан мумкин нест. Масҷид ҷои ҳар гуна кори ношоям нест, таъкид мекунад мақоли халқ. Каъбатуллоҳ бошад, масҷиди масҷидҳост. Ғайр аз ин ҳар кас дар мавсими ҳаҷ баҳсу мунозира кунад, ҷарима медиҳад. Ба замми ҳамаи ин
– дувоздаҳ аср аст, ки баъди шунидани фармоиши уламо, агар ҷон ширин бошад, чуну чаро намегӯянд.
Бо ҳамин мулоҳизаҳо лом нагуфтем, дӯғи махсумро бардоштем.
Тавофи якум ба поён расид. Мутаввоф дарҳол музди хизмат талабид. Бо ишораи Қориака ҳоҷӣ Абдухалил ба ӯ сӣ доллар дод. Роҳбалад норозиёна сар ҷунбонид ва гуфт, ки ӯ мутаввофи одӣ нест, балки саид аст, яъне аз авлоди пайғамбар аст. Боз чанд доллар додандаш. Саид боз чизе гуфт, ин даъфа дурудароз. Ӯ ба забони вайрони туркӣ ҳарф мезад.
Ман ки дар канори давра будам ва фазо аз шӯру валвалаи ҳоҷиён меларзид, аз сухани ӯ чизе нафаҳмидам. Ниҳоят, бори савум пул гирифта ба киса андохту даст ба дуо бардошт.
Аз дари дигари ҳарам ба кӯча баромадем. Ду тарафи ин кӯча ҳам аз дуконҳои баққолӣ, заргарӣ, баззозӣ пур буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё