Гаҳворабахш

— Аз зиёфатхўрӣ-да, чўра! Студент мардум дар рўзҳои таътил боз чӣ кор ҳам дорад?!
— Ҳамин хел гўӣ... Ҳм-ҳм..—Азиз мад кашида, оханги суханрониашро саҳле тағир дод ва гилаомез гуфт:—Ҳамин, ҷура, мегўм, ки анча ҳавобаланд шудаӣ! Маро назарат намегирад...
— Ту чиҳо мегўӣ? Ҳушат дар ҷояш? О, ман ҳудам кӣ шудиям, ки туро назарам намегирифтааст?
— Ту студенти пешқадами мактаби олӣ! — пичингомез гапашро давом дод Азиз. — Ман бошам, як буфетчии гўлу гаранг!... Фарқи ҳардуямон— аз замин то осмон... Барои ҳамин маро писанд намекунӣ...
— Ин қадар калпатра нагў, Азиз! Беҳтараш, яку якбора дилата кафон!
— Пўскандаи гап ҳамин, ки ҳар дафъаи ба таътил омадан аз куҷо то ба куҷоҳо рафта, лумба-лумба зиёфат мехўрию назар ба қавли худат ғайри маишат дигар коре надорӣ. Аммо, ҷўраҷон, то ҳанўз ягон бор ба манзили мо почаки студенти мактаби олӣ нарасидааст. Чӣ, агар ба остонаи пастаки мо қадамгузорӣ, магар оҳари поят мерезад?
— Ҳой, Азизбой! Ин қадар қасду пичинг чӣ лозим? Ту аввал як бор гиребони худата бўй кун! Магар намедопӣ, ки меҳмони нохонда шудан на ба ҳар кас мефорад...
— Оҳ-ҳо... Фаҳмо... Фаҳмо! Иззатталабӣ карда гаштаӣ, а? Хуб, хуб, шартат қабул!
Ина, гўш дор: Муллориёзбек, марҳамат карда, пагоҳ ба хонаи мо меҳмон шавед!
— Ана, ин гапи дигар. Интизор бош, пагоҳ меоям.
— Аниқ?
— Аниқ!
Ба ваъда додан ваъда додаму лек он қадар майли ба ин хонадон рафтан надоштам. Зеро аз рўзи гирифтани Номаи камол ин тараф ҳар дуямон нимоштию нимқаҳрист. Ҳамон рўз ману Азиз болои кати зери дарахти себ, ки шохаҳои паҳн дошт, нишаста, барои оши ҳарифона сабзию пиёз реза мекардем.
— Риёз! Ҳўй Риёз! — фарьёд зад ошпаз.— Даррав якта пиёз биёр!
Пиёз дар каф саросема аз ҷой хеста будам, ки яке пешошзам ба шохи себ бархўрд. Аз чашмам оташ парид. Ҷонсарак печутоб хўрда, оҳувоҳкунон дузону нишастам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё