Гаҳворабахш

Мактубро то охир хонда натавониста, беҳолона ба фарш нишастам. Чӣ хабари мудҳиш! Ҳамин қадар ранҷу азоби кашидаам кам буд магар, ки панҷаи бераҳми тақдир боз гўшмолам медиҳад? Акнун чӣ кор мекунам? Бо кардухтар хонадор мешавам?
Беихтиёр, давраи бачагиро ба ёд овардам. Рустшавакон бозии дўстдоштаи ману Мўъмина буд. Аввал, бамаслиҳат ягон дарахтро марра интихоб мекардем. Сипас ман рўй ба танаи он дарахт часпонда, ноҷунбон меистодаму Мўъмииа дар ягои ҷои хилват пинҳон мегардид.
Баъде ки вай «Шу-уд» гўён фарёд мезад, ман ҳуқуқ пайдо мекардам, чашм кушода, ба ҷустучўӣ дароям. Боэҳтиёт қадам гузошта, Мўъминаро мекофтаму вай ҳаракат мекард, ки номаълум ба марра наздик шуда, ба танаи дарахт даст расонад ва ғолиб барояд. Аксар маврид ин кор муяссар мешуд.
Мўъминаи чолок аҳён-аҳён ба даст афтида, марраро бонӣ мекард. Ман ҳаддалимкон ба ягон гўшаи дуру хилват пинҳон гардида, базўракак «Шуд» мегуфтам. Аммо Мўъмина овози пастакакро ҳам баръало мешунид ва маро зуд меёфт...
Як воқеаи дигар асло аз ёдам намеравад. Боре модагови Мўъмина ғайб зад. Дукаса кофта-кофта то ёнаи кўҳ расидем. Лекин на пай буду на хайдар...
— Ёфтам! — нохост баланд фарьёд зад Мўъмина. — Гов дар қафои ана он пушта!
— Фол дидӣ магар? — пурсидам писхандомез. — Аз куҷо медонӣ, ки говат он ҷост?
— Ҳозиракак баос зад. Овозашро баръало шунидам!
Ман, ки ҳеҷ чизро нашунида будам, нобоварона тарафи нишондодаи Мўъмина нигаристам.
— Ана, ана: говҷонам боз маос зад! Мешунавед?
Ба «не» гуфтан шарм дошта, бегапу харф сўи пушта тохтам. Ҳақиқатан ҳам дар алафзори он тарафи баландӣ гови ҷигарранги Муъмина мечарид...
Ҳа, Мўъмина дар хурдсолӣ духтараки ҳушёру зираке буду ба қавли падарам, агар решаи дарахт ҷунбад, мефаҳмид. Ҳоло бошад, ин гулдухтари қадрас ношунаво шудааст ва ба қавли муаллифи мактуби беимзо овози карнайро намешунавад...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё