Зеҳн
Гаҳворабахш

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 80 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Гаҳворабахши ман кар шудааст. Кар... Акнун лутфу меҳрубонӣ бар вай асар надорад. Ин ҳам дарди бахайр акнун ҳама маро мазоҳу масхара мекунанд.
Дар деҳаамон як мўйсафед ҳаст. Номаш Раҳмоналӣ. Аммо хурду калон зайро Бобои карак мегўянд. Вай ангуштнамои бачаҳои шум асту ин беандешаҳо мўйсафедро масхара медоранд: ҳангоми аз наздаш гузаштан бо эҳтиром даст пеши бар гирифта, бо тавозўъ сар хам мекунанд, аммо «Ассалому алайкум» нею балки «Тезтар муред, бобо!»
мегўянд. Раҳмоналӣ, албатта, мағзи гапро намефаҳмад. Лекин аз гирумони он бачаи «баодоб» хурсанд шуда «Боракалло, шери бобо!»
мегўяду ба ў чор дона чормағз ё як каф зардолу ҳадья медиҳад. Бечора ҳатто намефаҳмад, ки чаро инъомдиҳии ўро дида, ҳама баробар қоҳқоҳ механданд...
Дар хусуси карҳо андеша мерондам, ки яке манзараи рўзи акди никоҳ маро пеши назар омад: ана, ману Мўъмина пешо-пеш, чўраҳо дугонаҳо аз оқиб, ба хонаи ақди никоҳи Совети қишлоқ медароем. Раиси хушкдимоғ бо азобе чини абрўяшро шикаста, дар муқаддимаи суханаш изҳор мекунад, ки «чанд ҷумлаи шакар барин ширину асал барин дилнишин гуфтанист».
— Рафиқон! — бо чунин хитоби умумӣ сухани табрикӣ оғоз мекунад раиси сурнайовоз. — Имрўз барои Риёзбек... эъ... мебахшед... барои Мўъмииа ва Рӣёзбек фаромўшнашаванда хоҳад шуд: ин ду гули хушобу ранг ақди никоҳ баста, тақдири худро абадан бо якдигар мепайванданд.
Рафиқон! Ин ҳодисаи хурсандибахш дар рўзҳое гузашта истодааст, ки меҳнаткашони деҳаамон ҳамаи дастуру қарорҳо ва нишондоди ташкилотҳои болоиро бемайлон дар амал татбиқ карда, барои бомуваффақият иҷро шудани плану ўҳдадориҳои соли ҷоримонда нашуда мубориза мебаранд. Нишондиҳандаҳои истеҳсолии колхозамон дар ҳамаи соҳаҳо хуб аст. Деҳаамон низ рўз то рўз ободу зебо мешавад...

пешина
аз 80
навбатӣ