Зеҳн
Гаҳворабахш

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 80 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Ман ҳам андаке сабукбор шуда, дурустакак нишастаму аз пешоинаи на он ка-дар тозаи автобус синчакорона он тарафи дарьё нигоҳ кардам.
Деҳаи мо ончунон зебост, ки мондан гиред: ба кавли ришдарозони мўкаламбадаети ин замона манзараҳои ои Швеӣцарияро мемо-над! Ин гап наваду иўҳ фоиз дуруст: кўҳҳои рангибарапгу арчаҳои пасту баланд, дарьёи мавҷ-маиҷу сафедорҳои мавзунқомат, садаҳои теппакокулу маҷнунбеди кокулпарешон ва се-бу зардолуҳои гулбасари сабзпираҳан ба ҳам печида, ба чашм нуру ба дил зиё мебахшанд. | Ана, автобус аз кўпруки нави дарьёи Фар-рух, ки аллакаӣ ларзонак шудааст, гузашту мисли занбўри хаста ғинг-ғинг овоз баровар-да, ба теппароҳн соҳили чан часпид. Кадом як одами ҳушҳавсала дар ду тарафи он баландии морпеч зиёда аз се ҳазор бех сафедорро зич шипонда, девори нестандарчаҳоне сохтааст. | Ин тавораи сабзу зебо худ аз худ торафт бо-ло меравад ва овозаю дарвозааш беш аз пеш \ воло мешавад...
Баландӣ тамом шуду роҳ тарафи рост тоб хўрд. Дар ин кунч, мазори балогардон воқеъ гардидааст. Ҳамин ки автобус ба девори ва-лангори ин қабристони «муқаддас» рост шуд, ҳамаи пассажирон зери лаб кимчихо пичир-ииЧир карда, баробар омин хонданд. Мап ҳам қатори онҳо даст ба рўӣ кашидам.
Рости гап, азбаски ба худою расул эъти-қоди казоӣ надорам, пештар аз пазди ин ма-зор бепарво мегузаштам. Вале ҳоло оп наг-маи мастонаам нест ва аллакаӣ душмандор ҳам шудаам. Азбаски «филфил мабин, кн рез аст, бишкан, бубин чӣ тез аст» гуфтапӣ гап-ҳо ҷудо бисёр аст, бинобар ҳамин худ ба худ зерн лаб «ҳар балое, ки бар сари ману Мўъмина ояд, қафо баргардад ва ба гиребони душман часнад!» гуфта, омин хондам. Маъ- ] Яум, кӣ «душман», пеш аз Ҳама, муаллифи мактуби беимзост...
Дарвокеъ, ҳозир Мўъмина чӣ ҳол дорад? Истгоҳи сеюм, ки мувофиқи талаб аст, дар рўи ба рўи ҳавлии онҳост. Пештар ҳангоми ба таътил омадан, тамоми роҳ зора мекардам, то дар ин истгоҳ одамони зиёде фуроянду ав-тобус ҳар чӣ бештар қарор истад.

пешина
аз 80
навбатӣ