Гаҳворабахш

Агар чунин мешуд, аз дарбача сарамро берун бароварда, бо умед тарафи ҳавлии холаам менигаристам. Чашми дил бисёр мехост, ки аз дур бошад ҳам, ақаллан як лаҳза Мўъминэро бинад. Бо-ре толеъ ва тасодуф мадад карду як лаҳза хушбахттарин инсони рўи олам шудам...
Имрўз аҳвол андаке дигар аст. Дар дили санггаштаам фақат заррае аз он шўру гала"ч боқӣ мондааст...
Аз автобус фуромада, ба ҳавлиамон нею мисли дафъаҳои гузашта, рост ба магазин раҳсинор шудам. Зеро дил гувоҳӣ медод, ки модарам ом ҷост. Вай маро дидан ҳамон бел-чаашро рўи раф партофт ва қанотак зада, сўям парид. «Бачаҷонам, нури чашмонам» гу-ён, сару рўямро чалап-чулуп бўсида, гаштаю баргашта маро ба огўш кашид. Ман ҳам гу-наҳои ашколуди ўро бо меҳри лабрез бўса зада, аммо гаӣр аз «Модарҷон, гирья накуи!» дигар ҳарфе гуфта наметавонистам. Дар ин лаҳза бори дигар эҳсос кардам, ки ба модари яккафарзанд ҳакиқатан ҳам хеле душвор аст ва ў дили доғ-доғу ҷигари бирьён дорад.
— Канӣ, бачаҳо бароед! — модарам ашки чашмашро бо нўки қарси гулдор пок карда, ба се-чор нафар ҷавонҳои саргарми мутолиа рў овард. — Рошед, ҳавлии мо меравем! Ри-ёзбек катӣ чоӣ хўрда, сўҳбат карда мешинед. Ҳама дилубедилон берун шуданд: онҳо аз таклифи модарам рамуз гирифтанд, ки ко-ри имрўзаи магазин ба охир расидааст... Мо-дарам зуд як пора коғазро дарронда, саросе-ма рўзу моҳу солро навишт. Ба зераш каҷу килеб имзо монду онро даруни кулфи дари-чадор гузошт ва ба ман рў овард:
— Бачаҷон, даруни ҳу апа он куттичаро бин: як гала эълону эълонча ҳаст. Ягонтояш-ро ба тиреза часпон!
Дар қуттича ҳазору як хел эълони даст-навис буд: «Ба Совети қишлоқ рафтам», «Рў-зи санитарӣ», «Ба район рафтам», «Барои овардани мол рафтам», «Ба саҳрои колхоз рафтам»...
— Кадомашро часпонам, бува?
— Кадомашро, ки хоҳӣ часпондан гир, ба-чаҷон. Ба ман фарқе надорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё