Гаҳворабахш

— Набераи Антенабону?
— Худди худаш! Лекин ту ба гапи вай ба вар накун! Ман... Малоҳат катӣ ягон муноси-бат надорам... Факат... ҳардуямон ҳамкурс.
— Инаш, аллакаӣ, кори ман не, ако!—б| чашмони шаъшаапош ба гап даромад Мў| мина. — Агар вайро дўст доред, бигзор ба муроду максадатон расед! Шаби тўятон даст афшон ғазал хонда, поӣкўбон арғушт мера вам! Лекин, Азиз... Медоиед вай боре, ҳанго ми ширакаӣфӣ, дар дохили автобус, ба ман гап партофта буд...
Мавридаш, ки омад, киссаи МЕҲМОИДОРШ ин фурўшандаи чапдастро мў ба мў ба Мўъ-мина ҳикоят кардам. Дукаса аз хокхўрии ти-ри онҳо завқ бурда, хеле хандидем.
— Акнун ин оча-бачаи фитнэгарро бов кардан даркор!—Мўъмина бо қатъият аз ҷоӣ хест.—Медонед, чӣ кор мекунем? Аввалаш ин, ки...
Дар аӣни хўроки нисфирўзӣ ба хона ома! дам.
Модарам даррав дастархон густурда, во! ну фатири ҷаззадор, тутмавизу мураббо, гўштбирьёну тухми обчўш ва боз гуна-гуя кандалоту мевачоти махсус барои ман руст-кардаашро ба намоиш гузошт. Сонӣ чои на-ваду панчум дам карда овард. Чоӣбазмн хо-нагӣ ботантана оғоз ёфт. Чун ҳамеша лачоми сўхбат дар дасти буваам буд.
Вай чоӣ кашида, аз хар боб гап мезаду мо хомўш гўш мекардем. Номи Мўъмина дар нў-ки забон, чӣ хел сар кардани гапро надонис-та, хомхаёл менишастам. Яке сухани нотамо-ми падар маро ба ёд омад.
— Дина гапатон нимкола монд, додо, — ҳадаҳа мавзўи сўҳбатро ба мачрои зарурӣ ра-вон кардам. — «Писари Бобои хароб тўӣ кард»
гуфтед? Каӣ?
— Анча шуд, — падарам гапи дирўзаашро дарҳол ба ёд овард. — Вай хуб харакат кард, ки туя ба тўяш оварда «раис» буд ё «завхоз», дар хотирам нест, ё ким-каси дигар буд, ху-лоса як каллачунбуни базми арусӣ таин ку-над... Ба ҳавлӣ умада, адресата пурсид. Пе-ши буваат рафта, нависунда, оварда додам. Ба ту ягон хату хавар расид ё не?
— Не, додо, ҳеҷ хату хабар нарасидааст. Истед, ки вай каӣ тўӣ карда буд?
— Ягун ду моҳ шуд-дия... Умуман, писа-рам, ҳамаи ҳамсинфот туӣ шуда, сари коқа-шуна чуфт карданд. Аксарияташун Алулаку Булулакдор. Танҳо ту танҳо мундӣ, писарам, як сари коқат катӣ...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё