Зеҳн
Гаҳворабахш

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 80 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

— Азиз чӣ?
— Э, дарвоқеъ, набераи Антенабону ҳам безан-а! Лекин ту худата вай катӣ қиёс накун! Фарқи байни тую Азиз— аз замин то осмун...
Саволомез тарафи модар нигаристам: шавҳарашро сарзаниш мекунад ё тарафашро мегирад? Хаӣрият, ки ин дафъа гапи зану шўӣ ҷўр баромад.
— Дадои ту дар умрашон як бор аз таҳти дили ман гап заданд, бачаҷон!
— гуфт мода-рам бо табассум. — Гапашон саду бист фо-из дуруст: ту худро асло бо Азизи пастак ба-робар нагир. Ин ошолуди сустимуст ягон духтараки доманкашоли бехаридор мондаро мегирад. Ту бошӣ, бачаҷон, гулдухтари де-ҳаро...
Ҳаддалимкон худро шармгин вонамуд кар-да, бо нўки ангушт ба дастархон хаткашон давоми гапи модарро маътал истодам.
— Ана, хонданат кариб тамом шуда исто-дааст, бачаҷон, — модар тугуни дилашро оҳиста-оҳиста кушод. — Мўъмина ҳам баъди як моҳ Номаи камол мегирад. Акнун дар та-раддуди тўӣ шудан даркор, бачаҷон... Ману додот тўи дигарҳоро хўрда, қарздор шудаему боз дар дили худ низ орзую нияти бисёр до-рем...
— Зинхор ба зинҳор, шарм на.дор, писар-ҷуп! — гуфт бо лабханди ҳамешаҳозир пада-рам. — Ақли кас мегирад, ки кимкаӣҳо ша-рикота ба тўӣ хавар кардаӣ...
— Не, додо, аз афти кор, тўӣ намешавад...
— Чӣ? — аз ду даҳон ин савол баробар баромад..
— Мўъмина ба ман ҳеҷ маъкул пашуд, ки нашуд! — бо ҳамин ҷумлаи забонзад ба зи- Маӣ аввали мубориза қадам гўзоштам. Мувб-фиқи чашмдошт, модарам дарҳол ба шўр омад:
— Оҳ-ҳо! Боз нағмаи кўҳна-ку! Гап зап, ин дафъа куҷояш маъқул не?
— Ҳама ҷояш...
— Равшантар гап зан!
— Гўшҳояш...
— А? Гўшҳояш гуфтӣ? Ист, ист: чаро гў-шаш маъқул не? Чӣ, магар вай гўшбистар аст?
— Гўшбистараш чӣ?

пешина
аз 80
навбатӣ