Зеҳн
Гаҳворабахш

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 80 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

— Замонҳои қадим дар мулки Бобул ҳа-мип хел як одам гузаштааст.
Вай гўшҳои паҳ-ну калон-калон дошта, якеро кўрпа, дигареро бистар карда мехобидагӣ... Магар Мўъмина ҳамип хел гўшдароз аст?
— Не. Вай... гўши вай.. кар аст! Якбора модарам қоҳ-қоҳ хандид.
— Ҳар кас, ки гуфтааст, номаъқул карда-аст! Гўши Муъмина сиппасиҳат!
— Не, нимчасиҳат... Гўшаш кар...
— Шуд! Ин қадар худдонамӣ накун, тир-мизак! Ӣн гапи дурўға аз кадом даҳони бе-фаровез шунидӣ?
— Як одами аниқ гуфт...
— Кӣ будааст вай?
— Аввал гўед, ки гўши Мўъмина кар аст ё не?
— Не, бачаҷон. Ба ростӣ, ки гўши Мўъми-на дуппа-дуруст аст. Ҳатто, аҷаб не, ки ҳозир машмашаи ману туро шунида истода бошад... Акпун гуӣ, бачаҷон, ин гапро аз кӣ фаҳмидӣ?
— Шумо рости гапро аз ман руст карда истодаед, бува...
— Не, бачачон... Агар бовар накунӣ, бо нон қасам мехўрам!
— Лозим не... Беҳтараш, гўед, ки оё Мўъ-мина дар беморхона хобида буд?
Модарам мисли оҳу рамид. Чеҳрааш боз пахта барин сафед шуд.
Овозаш ларзид.
— Ҳа, якуним моҳ ои ҷо хобид...
— Ана, дидед! Кучояш касал буд? Модарам дар ҳолати ноҳинчор мопд.
— Медонӣ, бачачон, вай дарди гўш буд... Лекин...
— Гуфтам-ку: шумо гапи ростро руст ку-пед ҳам, аммо даҳони одамҳоро руст карда наметавонед. Беҳуда ҳам «ростӣ-рустӣ» нагуфтаанд.
— Саросема нашав, бачачон. «Худо»-яшро ки шунидӣ «дод» ашро ҳам шунав. Ҳа, рост: Мўъмина дарди гўш шуда, якуним моҳ дар касалхона хобид ва баъди табобат асли қа-дпм шуда баромад. Ҳоло вай ягон зарра ши-коят надорад... Дар қабати дуюми замин кир-ми лоӣхўрак чунбад
— мешунавад...
-..... Лекин гапи мардум дигар аст...

пешина
аз 80
навбатӣ