Зеҳн
Гаҳворабахш

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 80 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

— Оббо, Риёзбек, саросема шудед-дия! Наход одам холадухтари худашро пешпо за-да, шарманда кунад?!—Саъбабону дастонаш-ро ба ҳам суда, маънидорона калла ҷунбонд. — Оббо...
— Зиқ нашавед, оча. Худатон аҳли фаҳм. Медонед, ки бо одами кар муомила кардан аз азоби ҷаҳаннам душвортар аст. Тут гўӣ— бед мефаҳмад, боло гўӣ—поён мехамад...
— Гапатон ҳақ, Муллориёзбек. Лекин, ба ҳар ҳол, дилама аз пушти дег ҳам сиёҳтар кардед...
— Парво накунед, оча. Қори шудани-шуд! Он тараф як гап мешавад...
— Ин гапатон ҳам беҷо ие, Муллориёзбек. «Мушкиле нест, ки осон нашавад» гуфтаанд... Акпун, агар пасиҳати маро гиред, дигар асло аз роҳатон қафо нагардед. Чунки, назар ба қавли худатон, кори шудэнӣ шуду оби рафта пас намегардад ва одам ба замин туф карда, онро дубора ба даҳан памегирад... Гапам маъқул?
— Ҳа, оча. Акнун худатон духтараки аз ҳама хушрўи деҳаро барои ман хостгорӣ ме-кунед-дия!
— Албатта, Муллорнёзбек! Шумо ҳам Азизбоӣ барин як набераи худам. Гўш сиҳат бошад, гўшвора бисёр аст. Дилпур бошед: духтари аз ҳама батоб азони шумо мешавад!
— Раҳмат, оча!...
— Хаӣр, Муллориёзбек. Ман рафтам. «Пи-рию ҳазор иллат» гуфтаанд, ки рост будааст. Ҳота рафтанӣ будаму тамоман фаромўш кар-даам-а...
Хаӣр, Муллориёзбек...
Саъбабопу худ ба худ ғур-ғуркунон ҷонса-рак қафо баргашт ва дук-дук қадам зада, аз баландӣ поён фуромад. Куҷо рафтани вайро тахмин муаӣян карда, хотирҷамъ шуда, ҳуш-таккашоп, тарафи клуб кадам задам.
Боре кадом як ҷўраам «аз беҳуда поӣмо-нӣ—беҳтар аст китобхоиӣ»
гуфта буд. Аз-баски то саршавни кино бештар аз ду соат вақт буд, аз рўи ин мақоли навбаромад амал карда, зуд ба хона баргаштам. Қитоби фактастикии нотамомро кушода, ғарқи мутолиа шудам. Вале маро ба ҳоли худ нагзоштанд. Акнун ду-се саҳифа фуровард карда будам, ки касе даровозаро башаст кушод ва бо ово-зи баланд пурсид:
— Оя! Дар хона ҳастед?

пешина
аз 80
навбатӣ