Зеҳн
Гаҳворабахш

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 80 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Соҳиби овозро дархол шинохтам: пушти дарвоза падари Мўъмина — амаки Алибоӣ рост меистод.
Модарам дастони ордолудашро ба рўӣмол-чае поккупон давида аз хоиа баромад.
— Биёед, почо, биёед! Хуш омадед! Ҳа-маатон дурусту тинҷ ҳастед?
Бачаю качаҳо сиҳату саломатанд? Ба хопа дароед, почо! Биёед, биёед...
— Не, оя. Вақт танг. Ба гўшам баъзе миш-мишҳо расид. Аниқ кардан омадам...
— Чӣ гуфтед, почо? Чи хел миш-миш?
— Мегўянд, ки домодтура пўстипро чап-па пўшида, духтари моро пешпо задаанд..
Рост?
Ман табассум кардам. Лекин доду ғиреви модарам дар як он ба фалак дакка зад:
— Э, дод-э... Воӣ шўракам хушк шавад-э... О, ин гапа ҳанўз додои бача памедонаду ка-дом чаққоп аллакаӣ ба шумо хабар расопд-а?
— Яъне, ин овоза рост?
— Медонед, почо: ба ин гардапшахи маҳ-маддоно зурам нарасид.
Лекин «дуньё ба умед» гуфтаанд. Каме бардошт кунем. шояд хатояшро фаҳмида, аз рохи шаӣтоп баргар-дад... Ҳой почо! Истед! Худатон дурустакак насиҳат кунед.., Падари Мўъмина тез-тез кадам моида, аз дарвоза берун баромад.
«Дилаш ба мошина-аш парешон» аз хаёл гузарондам ва ҳар ду гўшамро барои насиҳатшунавӣ ҷўр кардам. Лекип, хушбахтопа, гумонам хато баромад. Амаки Алибоӣ пас аз лаҳзае як бухчаи ка-лонро оварда, ба мобайни ҳавлӣ партофт ва ба болояш ду бандча пул гузошта, бо табассуми заҳромез ба модарам рў овард.
— Ин ҷо ҳамаи сару либосхоест, ки аз рўзи гаҳворабахш то иди охирин тўҳфа овар-да будед. Рахи ягонтааш пашикастааст ва қа-таш беҷо нашудааст. Ана, оя, ду ҳазор сўм— пули пону ошу қанде, қи ҳар доим меовардед. Кам бошад—гўед, боз медихам... Агар зиёд бошад — ман ба ҳазор ҷону дилам розӣ... Рафту ягон муомила аз ёди мо баромада бошад, гўед, худи ҳозир ҳисобӣ мекупем...

пешина
аз 80
навбатӣ