Зеҳн
Гаҳворабахш

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 80 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

— Не, — гуфтам нигоҳи чашмонро ба атроф гурезонида. — Ситораамон ҷуфт наомад... чудо шудем...
— Бутун нашуда, лахта шудед?! Ҳа-ҳа-ҳа! Оббо, чакконе... Канӣ, нардбони қиёмат, гап зан: акнун ин гумбази ақл чӣ фикру ният дорад?
— Надонам...
— Ту надонӣ, ман медонам. Ҳанўз дар вақти гўштлахтак буданат ин фикр аз хаёлам гузашта буд: агар хуб гўӣ, домони Малоҳатро маҳкам дор! Ҳар дуятон ҷуфти муносиб. Нею аз инаш ҳам бебаҳра монӣ, пас аз худат гила кун...
Фарҳод боз кимчиҳо гуфтан мехост, Лекин эълони навбатдор сўҳбати моро нотамом гузошт...
Аз кабина баромада, ҳарчанд кофтам, Фарҳодро наёфтам. Вай мисли Ҳоҷаи Хизри афсонавӣ, дар лаҳзаи заруртарин офтобаки таки абр барин як намудор шуда, дасти мани фитодаро гирифту боз худи хамон лаҳза зим-зиё ғайб зада буд...
Бо табъи болида тарафи хобгоҳ пиёда роҳ сар кардам. Аз ҳавои ғуборолуди шаҳри азим чукур-чуқур нафас кашида, на аз бўи гулу раёҳин, балки аз бўи дуду бензин сармаст шуда, оҳиста-оҳиста, асфальтро озор надода, бо як маром роҳ мерафтам. Азбаски ишораи Мўъмина ва гапи Фарҳод ба дилам ҷунун андохта буд, ҳазору як хел нақшаю планча мекашидам.
Дарвоқеъ, чаро домони Малоҳатро маҳкам намедоштаам? Вай духтараки дилкашу зебо ва дурдонаи нозукест. Қаду комати расо, чашми майгун, лаби хандон, дили хуррам ва рўи гули раъно дорад.
Хулқу атвори хубаш ба ман маъқулу бо нўки мижа хоки роҳашро рўфтанам ҳавас аст... Ғайр аз ин, аз ҳама асосиаш, вай дар деҳа ягон дилкашолие надораду маро ҳурмат мекунад. Кӣ медонад, шояд дўст ҳам дорад... Шояд..
Ба ҳар ҳол, маврид ёфта, ба Малоҳат фикри худро ошкор мегўям... Ба ҳар роҳе, ки набошад, дилашро ба каф меорам... Ҳа, ҳа: дил дода, дил меситонам! Албатта!
Саргарми хаёлоти ширин суръати қадаммониам худ аз худ тез шуд.
Баъди лаҳзае ман аллакай болу қанот бароварда, сўи хобгоҳ мепаридам...

пешина
аз 80
навбатӣ