Гаҳворабахш

Муаллим Нуруллоев ҳавоси парешон дошт. Азбаски вай роҳбарамон аст, чорхез зада наздаш омадам.
- Расо дар вақташ ба назарам намудӣ,— хурсандона нидо кард муаллим.
— Ҳисоби кор гуму каллаам гаранг буд...
— Чӣ ҳодиса рўй дод? — то ҳадди имкон худро дилсўз вонамуд карда, бо овози ларзон пурсидам:
-Дилноза сиҳату саломат аст?
— Дилноза беташвиш... Лекип очааш... Медонӣ, шаб саломатии янгаат бад шуду табибҳо вайро ба шифохона бурданд. Ин пагоҳӣ ба деканат телефон карда гуфтам, ки «ман бачапо, ба дарс омада наметавонам». Аз ин «мужда» декан талхакаф шуд. «Ду муаллим дар командировка, — фаҳмонд вай. — Чор кас дар беморхона. Сеи дигар — хонакасал. Яъне, ягон муаллими ҷойивазкунанда нест ва агар наоед, имрўз умуман дарс намешавад... Ба духтарча ё ҳамроҳ ёбед, ё ҳамроҳ биёред».
Пўсткандаи гап ҳамин, ки ба умеди ту шуда, Дилнозаро танҳо партофта омадам. Акнун ба ту — ҷавоб! Рост ба хона рав. Хоҳарчаатро бонӣ карда шин. Ана, ин калидҳо. Гўшт дар яхдон, нон дар нондон. Ягон чиз пухта хўр...
Калидҳоро гирифта, муаллимро хотирҷамъ карда, ба синфхона тохтам.
Малоҳатро ба гўшае кашида, саросема мақсадро фаҳмондам.
— Ҳардуямонро аз дарс ҷавоб доданд. Ба хонаи муаллим Нуруллоев меравем. Он ҷо Дилноза танҳост. Вайро бонӣ мекунем.
Малоҳат бе ягон гапу калочаи зиёдатӣ розӣ шуд.
Хонаи муаллим норўфта ва бетартиб буд. Одатан, вақте ки дар хона занак нест, аҳвол чунин мешавад. Дилноза дар катчааш фиш-фиш нафас кашида мехобид.
Дукаса тез хонаро рўбучин карда, дегу табақҳоро тоза шустем. Ба оинаи тирезаҳо навбат расида буд, ки Дилпоза бедор шуд ва се-чор маротиба паи ҳам «оча» гўён овоз баровард. Баробар тарафи катча тохтем.
Духтарчаи сесолаи муаллим одамҳои ошиносро дида, як рамиду лаҳзае хомўш истод. Сонӣ бо овози дучанд баландтар «Оча-а» гўён фарьёд зад.
Ман дасту по хўрда, бе ягон фикру андеша худро ба фарш парў партофтам ва «Гирья накун, Дилноза. Ман хари ту» гўён бо овози баланд, мисли гўшдарози ҳақиқӣ ҳангос задам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё