Гаҳворабахш

— Мақоли нағз бофтӣ, Мало. Акнун бигўй, ки чӣ мепазем? Ош?
— Ман ош пухта наметавонам...
— Наметавонӣ?
— Дар тарафҳои мо соле як маротиба, ҳангоми чашни Наврўз ош мепазанд.
— Оҳ-ҳо... Қайф кардем-ку. Пас чӣ пухта метавонӣ?
— Ордоба, атола, лағмон, шўрбо...
— Ордобааш чӣ?
— Як хўроки тезпазак. Даррав ҳазм мешавад. Дар ин бора шеъре ҳаст:
Ордоба — то остона,
Атола — то пушти хона.
Ҷон угрои ҷонона,
Ҳафт ағбаро гардона!
—Шеъри аҷоиб. Лекин бо он шикам сер намешавад. Ордобаю атолаатро баъд мепазӣ. Агар хоҳӣ, худи ҳозир ошпазиро ёд медиҳам!
— Ягон вақти дигар, Риёзбек! Ҳозир дар нўги кафгир ягон чизи осонакаки бамазза мепазем...
Пок кардани картошкаю пиёз ба ман вогузор шуд. Малоҳат ба дег равғани думба андохту гўшт пора кард... Баъди ним соат мо аллакай гирди дастархон пишаста, ҳай-ҳаю бай-байкунон шўрбоча мехўрдем...
Косаро холӣ карда, як сў гузоштаму сохтакорона сулфида, ҳазломез, лек бо оҳанги ҷиддӣ гуфтам:
— Шўрбои нағз пухтӣ, занак! Дастат дардро набинад.
— Ош шавад, дадеш! — Малоҳат низ бо ҳазл ҷавоб гардонд.— Боз камтар биёрам?
— Саломат бош, азизакам, ҷони ширинам! — ба китфи Малоҳат таптап зада, бо тамоми ҳастӣ, пурмеҳрона рост ба қаъри чашмонаш нигаристам. Ин ёри хушҷавоб аз шарм лола шуда, нигоҳашро ба катчаи Дилноза гурезонд ва зери лабҳои ларзон «Бисёр нигоҳ макун, ки мешам ахгар» гўён дастархонро ғундошта, зуд аз ҷой хест. Ким-кадом қувваи ниҳонӣ маро низ ба по хезонду зимоми ихтиёр аз дастам раҳо шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё