Зеҳн
Гаҳворабахш

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 80 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

— Об-рўшноӣ, Риёзбек!
— Ҳамин хел? Ура!
— Оҳиста, Риёзбек. Дилноза ҳозиракак пинак рафт.
— Мебахшӣ, Мало! Об нағз гўӣ...
— Ҳа. Ку, аз як сар гўед: чӣ хоб дидед?
Хоби ширинро батафсил ҳикоя кардам. Малоҳат биниамро пучида, бо чашмони пуркарашма, нозолуд гуфт:
— Эҳ, ноўҳдабаро... Ҳамин шарти осонакакро иҷро карда натавонистед...
— Ман ноўҳдабаро не, Мало. Тасодуф халал расонд.
— Шумо ноўҳдабаро... Бар замми он — баҳонаҷўй...
— Ин хел нагў, Мало.
— Мегўям, — Малоҳат бо ишва хандид. Барои ман гавҳари рахшон ёфта натавонистеду боз забондарозӣ мекунед?
— Ин нобарорӣ дар хоб буд, Мало. Агар хоҳӣ, дар бедорӣ бароят як олам гавҳару ҷавоҳирот меорам. Умуман, медонӣ туро тамоми умр болои сар бардошта мегардам!
— Ин қадар ҳавои даҳан накунед...
— Бовар кун, Мало...
— Не, бовар намекунам. Шумо — ноўҳ-дабаро!
Хандаҳои зангўладор, нозу карашмаи шарарафкан ва суханбозиҳои паиҳами Малоҳат дили ишқолуди маро ҳушьёр намуд. Аниқ бовар кардам, ки ҳоло боди мурод мевазад ва духтараки умедвор интизори он аст, ки рози дил фошофош бигўям.
— Мало, азизам, ба чашмонат қасам, ки туро як умр болои сар бардошта мегардам. Бовар кун, азизам...
— Дар ин бора гап бас!—ин дафъа овози Малоҳат хушку омирона садо дод.—Ҳамин қадар шўхӣ кардем кифоя! «Шакара камаш хуб»
гуфтаанд. Ё гапам хато?
Аз ин гирдгашти ногаҳонӣ дилам сўрох шуд. Лек чашму дили ошиқ ҳамеша умедвор аст.
— Гапат дуруст, Мало. Лекин... ту...ман...
— Чаро якбора каж-мажзабон шудед, Риёзбек! Хезед, ба ошхона меравем, — Малоҳат парида аз диван хест ва мавзўи сўҳбатро дигар кард: — Як мақоли навбаромад ҳастку: аз сад «ману ту» беҳтар аст манту!

пешина
аз 80
навбатӣ